Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳи қонуни зидди терроризм дар Зеландияи Нав


Зеландияи Нав
Зеландияи Нав

Сарвазири Зеландияи Нав, Ҷасинда Ардерн, ваъда дод, ки дар қонунҳои зидди терроризм дар он кишвар тағйирот ворид мекунанд. Ин тасмим пас аз он аст, ки дар як ҳамлаи террористӣ дар бозори шаҳри Окленд ҳафт нафар захмӣ шуданд. Ардерн рӯзи 4-уми сентябр ҳангоми ироаи ҷузъиёт дар мавриди ин ҳамла гуфт, тарҳи қонун дар порлумон аст. Ӯ афзуд, талош хоҳанд кард, ки қонун то поёни ҳамин моҳ қабул шавад. Як шахсе, ки соли 2011 ба Зеландяии Нав рафта, ба хотири таҳти таъсири ақидаҳои ДОИШ буданаш зери назари мақомот буд, рӯзи ҷумъа ҳафт нафарро бо корд захмӣ кард. Ҳамлавар бар асари тиркушоии пулис кушта шуд.

XS
SM
MD
LG