Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Таҳрики Толибон дар Покистон 5 кас кушта шудаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Покистон гуфтанд, ки дар натиҷаи таркиш дар иёлати ноороми Балуҷистон ба камияш се ниманизомӣ кушта шуданд. Шайх Рашид, вазири корҳои дохилии Покистон, рӯзи 5-уми сентябр ба хабарнигорон гуфт, дар ин ҳодиса бист каси дигар захм бардоштанд.

Таркиш дар наздикии қароргоҳи нерӯҳои марзбонӣ дар минтақаи Мустанг рӯй додааст.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон ба уҳда гирифт. Ин гурӯҳ мегӯяд, ҷангҷӯёнаш дар мототсикле маводи тарканда гузошта, сарҳадбонҳоро нишон гирифтанд.

Иёлати Балуҷистони Покистон бо Афғонистону Эрон сарҳад дорад.

Ин иёлат аз соли 2004 ба ин сӯ шоҳиди хушунатҳо ва дар моҳҳои охир шоҳиди ҳамлаҳои гуруҳи Таҳрики Толибони Покистон будааст.

XS
SM
MD
LG