Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақли зане, ки алайҳи Толибон дар Кобул эътироз кардааст. ВИДЕО


Занони эътирозгар дар Кобул

Занони фаъол дар Кобул рӯзи 3-уми сентябр барои ҳимоя аз ҳақашон эътироз карданд. Ин эътирозе замоне рух дод, ки Толибон гуфтанд, ки занҳо дар ҳукумати оянда саҳм нахоҳанд дошт.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Нақли зане, ки дар эътирози зидди Толибон иштирок кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Ҳадо Хамӯш, шоир, нависанда ва фаъоли ҳуқуқи зан дар Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ҳимоя аз ҳақ ва ояндаашон эътироз карданд.

Онҳо дар даст шиорҳои “Ҷомеа бидуни зан мурда аст”, “Ҳуқуқи зан бояд поймол нашавад” ба тарафи бинои Арг, ҳукумати Афғонистон рафтанд.

Ҳадо Хамӯш, гуфт, ки Толибон эътирози онҳоро бозӯр пароканда кардааст. Ин гуруҳ рӯзи 15-уми август Кобулро тасарруф карданд ва гуфтанд, ки ба занҳо дар ҳукумат мақом намедиҳанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG