Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони Афғонистон дар Австралия паноҳ ёфтанд


Холида Пупал, аввалин капитани дастаи занонаи футболи Афғонистон.
Холида Пупал, аввалин капитани дастаи занонаи футболи Афғонистон.

Варзишгарони Афғонистон бинобар шиддати вазъ дар ин кишвар ба Австралия интиқол дода шуданд. Дар ин бора сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (AIPS) хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи хурди австралиягиҳо бо роҳбарии варзишгарони собиқ ба тақдири занони афғон бетараф набуд.

Аввалин капитани тими футболи Афғонистон Холида Пупал медонист, ки варзишгарони ҳозираро чӣ интизор аст ва таваҷҷуҳи байналмилалиро ба масъалаи занони афғон ҷалб кард.

"Ман он қадар дарди сахтеро ҳис мекунам, ки ҳеҷ коре карда наметавонам ... Ман занонро мебинам, ки дар он ҷо мондаанд, овози онҳоро мешунавам, овози ларзони занони тарсондаро ... ман худро нотавон ҳис мекунам", - иқтибос меорад суханони Пупалро Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (AIPS).

Мураббии собиқи дастаи Пупал, амрикоӣ Келли Линдсей гуфт, “одамон аз саросари ҷаҳон бояд бо ҳам ҷамъ оянд ва онҳоро ба ҷойи бехатар баранд. Ин наметавонад бо доштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шаҳодатномаи шахсӣ ё шиноснома вобаста бошад. Зеро бисёре аз занон дар Афғонистон ҳатто шаҳодатномаи шахсӣ надоранд ”.

Қаҳрамони олимпӣ шиновар Никки Драйден, ки мудофеи ҳуқуқи инсон аст, бо ҳамкасбаш аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид Элисон Баттиссон, ки дар бахши кӯмак ба гурезагон дар Австралия тахассус дорад, ҳамкорӣ кардааст. Онҳо рӯйхати варзишгарони аз ҳама бештар дар вазъи хавфнок қарордошта ва вобастагони онҳоро тартиб доданд - дар маҷмӯъ зиёда аз 50 нафар, ки дар байни онҳо, аз ҷумла Закия Худододӣ, аввалин зан – варзишгари маълул буд. Ӯ барои ширкат дар Паралимпиадаи Токио 2020 аз Афғонистон интихоб шудааст.

Драйден қаблан бо капитан ё сарвони собиқи тими миллии футболи Австралия Крейг Фостер, ки ба вазири корҳои хориҷӣ Марис Пейн дастрасӣ дошт, кор кардааст ва инчунин ду қаҳрамони варзиши миллиро, ки шахсан ба ҳукумат муроҷиат кардаанд, ҷалб намудааст: варзишгари пойга бо аробачаи маъюбӣ Курт Фернли, ки ба вазири варзиш Ричард Колбек муроҷиат кардааст ва иштироккунандаи Олимпиадаи зимистона, феълан вакили Парлумони федеролӣ Залӣ Стеггалл.

Ҳамин тариқ, дар давоми се рӯз ҳукумати Австралия барои қабули 50 варзишгари афғон розигӣ додааст.

XS
SM
MD
LG