Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ба ҳамсояҳои Афғонистон барои қабули гурезаҳо 600 млн евро медиҳад


Беҷошудагони афғон. Акс аз бойгонӣ.
Беҷошудагони афғон. Акс аз бойгонӣ.

Иттиҳоди Аврупо (ИА) тасмим гирифтааст, барои ҳамсоякишварҳои Афғонистон, ки гурезаҳоро қабул мекунанд, 600 миллион евро ҷудо кунад. Дар ин бора расонаи "Financial Times" иттилоъ додааст. Ин маънои онро дорад, ки Брюссел ба Покистон, эҳтимолан ба Узбекистону Тоҷикистон ва ҳатто Эрони таҳримшуда кумаки молӣ кунад.

Вазирони умури хориҷии 27 кишвари узви ИА 31 август барои баррасии вазъи Афғонистон ҷаласаи изтирориеро баргузор карданд. Дар поёни ҷаласаи шӯрои ИА афзоиши кумак ба кишварҳои севуме ваъда дода шуд, ки бештари гурезаҳои афғонро қабул кардаанд.

Ҳамчунин дар изҳорот гуфта шудааст, ки аъзои ИА дар асоси "дарсҳои гузашта" барои пешгирӣ аз "такрори омадани мавҷи бузурги идоранашавандаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ" ҳамкориро ба роҳ хоҳанд монд. Шӯро гуфтааст, "ҳамаи талошро мекунанд, то вазъи Афғонистон барои шаҳрвандони ИА хатареро эҷод накунад".

Пештар чандин кишвари узви ИА гуфтанд, аз эҳтимоли такрори буҳрони муҳоҷиратӣ, ки соли 2015 дар пайи ҷанги шаҳрвандии Сурия ба миён омада буд, нигарон ҳастанд.

Қаблан Вазорати умури хориҷии Узбекистон эълом кард, ки ин кишвар наметавонад гурезаҳои афғонро бипазирад.

XS
SM
MD
LG