Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон кормандони як ширкати нафткашӣ корпартоӣ карданд


Корманди ширкати нафткаши "Techno Trading LTD". Акс аз бойгонӣ.
Корманди ширкати нафткаши "Techno Trading LTD". Акс аз бойгонӣ.

Ҳудуди 200 корманди ширкати нафткаши "Techno Trading LTD" дар кони Жетибойи вилояти Мангистауи Қазоқистон корпартоӣ мекунанд. Онҳо аз 27 август ба ин сӯ кор намебароянд ва баланд бардоштани маошу пардохти иловапулиҳоро талаб доранд.

"Мо талаб дорем, ки маош то 300 ҳазор танга боло бурда шуда, иловапулиҳо бахшида ба ҷашнҳои Рӯзи нафткашон, Рӯзи истиқлол ва Иди Наврӯз пардохт карда шавад. Мо маоши кам мегирем. Маоши миёнаи мо 80-90 ҳазор танга аст", - мегӯяд корманди "Techno Trading LTD" Айбек Тажигалиев.

Намояндаи "Techno Trading LTD" Нурсауле Боранова хабар дод, ки маоши кормандон бори охир моҳи апрели соли равон 15 дарсад боло бурда шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони корфармо дар пайи афзоиши коршиканӣ дар Мангистау бо кормандон мулоқот карда, дархост карда буданд, ки кор қатъ нашавад.

Масъалаи беҳтар шудани шароити корӣ дар "Techno Trading LTD" борҳо матраҳ шудааст. Бузургтарин коршикании кормандони ин ширкат моҳҳои марту апрели соли 2016 сурат гирифта буд. Он замон барои ҳалли мушкил ва иҷрои талаби кормандон созишномаи сеҷониба имзо шуд.

XS
SM
MD
LG