Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар гуфт, бо Толибон барои барқарор кардани кори фурудгоҳи Кобул кор мекунад


Давҳа, Қатар, 2-юми сентябр. Вазирони корҳои хориҷии Бритониё ва Қатар - Доминик Рааб ва Муҳаммад бин Абдураҳмон ат-Танӣ
Давҳа, Қатар, 2-юми сентябр. Вазирони корҳои хориҷии Бритониё ва Қатар - Доминик Рааб ва Муҳаммад бин Абдураҳмон ат-Танӣ

Вазири корҳои хориҷии Қатар гуфт, ки кишварҳои Халиҷи Араб бо “Толибон” кор мекунанд, ки фурудгоҳи байналмилалии Кобул “ҳарчи зудтар” боз шавад. Ин фурудгоҳ барои азсаргирии интиқоли ёриҳои башардӯстона ва идомаи берун бурдани хориҷиҳову онҳое, ки аз режими Толибон мегурезанд, муҳим мебошад.

Муҳаммад бин Абдураҳмон ат-Танӣ дар як нишасти муштараки хабарӣ бо ҳамтои бритониёиаш Доминик Рааб дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар гуфт, ки ҳанӯз мушаххасан маълум нест, ки ин фурудгоҳ кай ба кор шурӯъ мекунад. Ат-Танӣ гуфт, “умедворем, ки дар рӯзҳои наздик хабарҳои хубе хоҳем дошт”.

Телевизиони Al-Jazeera рӯзи 2-юми сентябр дар нақли қавл аз мақомоти авиатсияи шаҳрвандии Афғонистон гуфт, ки парвозҳои маҳаллӣ аз фурудгоҳи Кобул рӯзи 3-юми сентябр аз сар гирифта мешаванд, вале “фурсат лозим аст”, ки парвозҳо ба самти хориҷа барқарор шаванд.

Рааб дар Давҳа гуфт, ки “дар шароити амн берун бурдани шаҳрвандони Бритониё, ки дар кишвар мемонанд, авлавияти кори мо аст, вале инчунин афғонҳову дигарҳое, ки барои Бритониё кор карда ҳаёташон таҳти хатар мебошад, ҳамчунин бояд аз кишвар берун бурда шаванд”.

ИМА ва муттафиқонаш аз 14 то 31-уми август дар як амалиёти шитобзада тавонистанд 123 ҳазор хориҷиву афғонистониҳоро аз Кобул ба хориҷа баранд, чун баъди 20 соли суқути ҳукумати “Толибон” ин гурӯҳ дубора сари қудрат меояд. Вале бо ин вуҷуд, дар дохили Афғонистон ҳамоно даҳҳо ҳазор нафар афғонистониҳое мемонанд, ки барои ҳамкориашон бо ҳукумати кишвар ваё ҳукумату созмонҳои хориҷӣ ҳаёташон таҳти хатар мебошад. Мақомоти авиатсияи граждании Афғонистон гуфтанд, ки як тими фаннӣ дар Кобул сари барқарор кардани системаи радаре, ки барои назорати парвозҳо зарур аст, кор мекунад.

XS
SM
MD
LG