Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин сабқати Закия Худододӣ, варзишгари афғон дар бозиҳои паралимпии Токио


17-уми август Закия Худододӣ дар муроҷиати видеӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки барои ширкати ӯ дар бозиҳои паралимпии Токио кӯмак кунанд
17-уми август Закия Худододӣ дар муроҷиати видеӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки барои ширкати ӯ дар бозиҳои паралимпии Токио кӯмак кунанд

Варзишгари афғон Закия Худододӣ баъди он ки ба таври пинҳонӣ аз Афғонистони зери назари Толибон ба бозиҳои паралимпики Токио итиқол ёфт, тавонист дар ин мусобиқаҳо иштирок кунад. Баробари ӯ инчунин варзишгари дигар – Ҳусейн Расулии 22-сола, ки дар як амалиёти пинҳонии байналмилалӣ нахуст ба Париж ва аз он ҷо рӯзи 28-уми август ба Токио интиқол ёфт, ҳамчунин дар бозиҳо ширкат кард.

Худододӣ рӯзи 2-юми сентябр бо ҳиҷоби сафед дар мусобиқае, ки дар шаҳри Тиба, наздики Токио ташкил шуд, ҳозир шуд. Ӯ аввалин варзишгардухтари таэквандочӣ буд, ки баъди соли 2004 дар бозиҳои паралимпӣ аз Афғонистон намояндагӣ мекунад.

Зиёдахон Исҳоқовова, варзишгари узбек баъди мағлуб кардани Худододӣ дар сабқати гурӯҳи варзишгарони то 49-килоӣ гуфт, “бисёр шодам, ки ӯ тавонист ба Ҷопон бирасад”. Дар идомаи рӯз Закия Худододӣ, ки аз дасти чапаш маҳрум аст, бояд дар сабқати навбатӣ иштирок кунад.

Расулӣ, ки хеле дер ба бозиҳои Токио расид ва натавонист дар сабқати паридан дар масофаи баъди дави 100-метрии дӯстдоштааш иштирок кунад, дар мақоми охирин ҷой гирифт.

Кумитаи паралимпӣ гуфт, ки ин ду варзишгар дар идомаи бозиҳо мусоҳиба намедиҳанд. Ҳанӯз маълум нест, ки баъди анҷоми бозиҳо дар таърихи 5-ми сентябр онҳо ба куҷо мераванд. Элисон Беттиссон аз созмони “Ҳуқуқи башар барои ҳама” дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuters гуфт, ки Австралия барои ин ду варзишгари афғон визаи башарӣ тақдим кардааст.

XS
SM
MD
LG