Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раддабандӣ: Артиши Узбекистон дар Осиёи Марказӣ нерумандтарин аст


Артиши Узбекистон.
Артиши Узбекистон.

Узбекистон дар раддабандии нерумандтарин артиши дунё дар соли 2021, ки аз сӯи "Globalfirepower.com" нашр шудааст, як зина боло, ба мақоми 51-ум баромадааст.

Ба иттилои манбаъ, артиши Узбекистон дар ҳоли ҳозир нерумандтарин артиши Осиёи Марказӣ шумурда мешавад ва бештари коршиносон ҳам инро тасдиқ мекунанд. Қувваҳои мусаллаҳи Узбекистон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 70 ҳазор низомӣ дорад.

Неруҳои хушкигарди Узбекистон аз 28 гуруҳ иборат буда, онҳо асосан бо техникаҳои низомии русӣ, аз ҷумла шӯравӣ муҷаҳҳаз ҳастанд. Узбекистон дар миёни кишварҳои минтақа аз ҳама бештар (ҳудуди 4% ММД) ба артиш сармоягузорӣ мекунад.

Харҷи низомии Узбекистон дар соли гузашта 1,4 миллиард долларро ташкил додааст. Ҳарчанд Тошканд харҷи низомияшро дар соли 2020 ошкор намекунад, вале президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфт, он кишвар тақвияти неруҳои мусаллаҳи худро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG