Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистону Узбекистон бинои нав месозад


Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Иёлоти Муттаҳида барои марзбонҳои тоҷик дар Айвоҷ, сарҳади кишвар бо Афғонистону Узбекистон, бинои нав хоҳад сохт.

Сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 1-уми сентябр дар эъломияе гуфт, "пас аз анҷоми сохтмон метавонанд, марзбонҳо ва оилаҳояшонро ҷойгир кунанд." Қарор аст, санги асоси бинои навро дар оғози соли 2022 бигузоранд, вале харҷи онро эълон накардаанд.

"Отряди нави сарҳадӣ отряди кӯҳнаро дар ноҳияи Шаҳритус иваз мекунад ва ба Идораи марзбонӣ имкон медиҳад, ки дар посух ба таҳдидҳо нерӯҳояшро зуд ба минтақаҳои наздисарҳадӣ равон кунад", - гуфтанд дар сафорати Амрико.

Сафир Ҷон Поммершайм гуфтааст, "Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон аз ҳамкории қавӣ дар соҳаи амният бархӯрдоранд ва ин лоиҳа боз як намунаи ӯҳдадориҳои муштараки мо ба амният ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад."

Ҳукумати Амрико аз соли 2002 то ин дам дар бахши амният ба Тоҷикистон беш аз 300 миллион доллар ёрӣ карда, 12 посгоҳи марзӣ, 9 иншооти гузаргоҳи сарҳадӣ ва се маркази омӯзишии марзбононро таъмир ё азнавсозӣ намудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад.

XS
SM
MD
LG