Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қазоқистон гуфт, зарурати афзоиши маоши миёна пеш омадааст


Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мегӯяд, зарурати бозбинии мизони маоши миёна дар он кишвар пеш омадааст.

Ӯ рӯзи 1-уми сентябр дар паёмаш ба порлумони Қазоқистон гуфт, "дастур хоҳад дод, ки аз моҳи январи соли оянда маоши миёна дар он кишвар аз 42500 танга (ҳудуди 100 доллар) то 60 ҳазор танга боло бурда шавад.

"Ҳаҷми маоши миёна аз соли 2018 боло бурда нашудааст. Буҳрони ҷаҳонии коронавирус ба даромади сокинон таъсир расондааст. Қазоқистон аз нигоҳи маоши миёна аз баъзе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ақибтар аст", - афзуд Тоқаев.

Ба гуфтаи ӯ, афзоиши ҳаҷми маоши миёна ба беш аз 1 миллион нафар, асосан кормандон дахл карда, аз ҳисоби рушди талаботи дохилӣ ба иқтисоди Қазоқистон таъсири мусбат мерасонад.

XS
SM
MD
LG