Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия фаъоли туркманро баъди гуруснанишинӣ озод кард


Тазоҳуроти туркманистониҳо дар Истанбул. Акс аз бойгонӣ.
Тазоҳуроти туркманистониҳо дар Истанбул. Акс аз бойгонӣ.

Фаъоли мадании туркман Аҳмад Раҳмонови 47-сола, ки 22-юми октябр дар Туркия дастгир гашта буд, озод шудааст. Ба фаъолони боздоштшудаи дигари Туркманистон дар он кишвар ихроҷ ба ватан таҳдид мекунад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) 26 октябр хабар дод, ки мақомоти турк Раҳмоновро озод карданд. Пештар созмон аз Анқара даъват карда буд, ки фаъолони боздоштшудаи туркманро озод карда, имкон диҳад, ки дар доираи қонун дар Туркия зиндагӣ кунанд.

Аҳмад Раҳмонов мудири саҳифаи гуруҳи "Интихоби демократии Туркманистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Вай ҳукумати Туркманистонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошкоро танқид мекард.

Раҳмонов 18 октябр барои тамдиди муҳлати иҷозатномаи зисти худ ба шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Туркия дар шаҳри Анталия рафт ва дар онҷо дастгир шуд. Ӯ дар боздоштгоҳ зидди сиёсатҳои президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуруснанишинӣ эълом кард.

Дар баробари Раҳмонов чандин фаъоли мадании туркмани дигар низ дастгир шудаанд. Аз ҷумла, Комил Абулови 35-сола шоми 18 октябр дар манзили зисташ дар Истамбул дастгир шуд. Ҳамсари Абулов гуфт, рӯйхати 28 касе мавҷуд аст, ки бояд бо дархости консулгарии Туркманистон дастгир шаванд.

Мақомоти Туркия ва Туркманистон то ҳол боздошти фаъолонро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG