Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳукумат аз мо метарсад." Дурсултон Таганова – рамзи мубориза бо режими Туркманистон


Дурсултон Таганова, фаъоли сиёсии туркман

Дурсултон Таганова, духтари ҷавоне аз Туркманистон, кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ, ки чанд сол пеш дар Туркия як муҳоҷири одии корӣ буд, ҳоло ба рамзи муборизаи сиёсӣ бо режими президенти худкома, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, табдил шудааст. Ду дафъа кӯшиши Ишқобод (Ашхобод) барои овардани ӯ аз Туркия ба Туркманистон бенатиҷа анҷомид.

Ӯро ҳафтаи гузашта дар Истанбул дастгир, аммо зери фишори созмонҳои байнулмилалӣ раҳо карданд. Таганова мегӯяд, далели боздошташ талаби мақомоти Туркманистон буд, ки аз барномаҳои интернетии ӯ ва ҳамсафонаш ва даъват ба ислоҳот дар ин кишвар асабонӣ мешаванд. Дурсултон Таганова рӯзи 29-уми сентябр озод шуд ва ба суолҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ посух дод.

Радиои Озодӣ: Дурсултон, Шуморо ду рӯз дар боздошт нигоҳ дошта, ҷавоб доданд. Сабаби боздоштро шарҳ доданд?

Ҳамватанони мо ҳам тадриҷан ба изҳори назари худ шуруъ карданд. Онҳо ҳам хостори тағйирот ҳастанд. Аз ин рӯ, дар он феҳрист номи фаъолони дигар ҳам буд, ки ба ин мубоҳисаҳо ҳамроҳ шуданд.

Дурсултон Таганова: Ба ман гуфтанд, ки хадамоти муҳоҷират гуё номаеро бо дастури "боздошти фалон одамон ва ба урдугоҳи депортатсионӣ интиқол додани онҳо" дарёфт кардааст. Дар ин феҳрист номи ман ва ду нафаре, ки бо ман зиндагӣ мекунанд. низ буд. Дар умум, дар ин рӯйхат номи 25 нафарро навиштаанд. Дигар ҳеч шарҳ надоданд. Вакили ман бо парванда шинос шуд. Ман ҳеч қонуншиканӣ накардаам.

Радиои Озодӣ: Ин 25 нафари гуфтаатон киҳо буданд?

Дурсултон Таганова: Ҳамаи онҳо фаъолони туркман мебошанд, онҳое, ки бештар аз дигарҳо баромад мекунанд.

Радиои Озодӣ: Пеш аз боздошт шудан хабар додед, ки фишор бештар мешавад ва эҳтимоли ҳабси Шшумо ҳам вуҷуд дорад. Ба Шумо таҳдид карданд?

Дурсултон Таганова: Бале, нишонаҳои таҳдид буд. Як субҳ ба хонаи мо омада пурсидаанд, ки ман дар куҷо ҳастам. Он вақт дар хона набудам. Баъд ба идораи полис даъват карданд. Ҳамон вақт дарк кардам, ки кадом гапе ҳаст, чунки агар ҳеч кору шикояте набошад, ногаҳон полис ба хонаи Шумо намеравад. Дар идораи полис бо як ходимаш суҳбат кардам. Пурсидам, ки “чӣ гап шуд? Касе аз ман шикоят кард?” Ӯ гуфт, аз номи хадамоти муҳоҷират амри боздошт вуҷуд дорад. Ман дар Туркия ҳузури қонунӣ дорам. Ҳамаи санадҳои ман дуруст ҳастанд. Қарори суд ҳам ҳаст, ки ихроҷи маро ба Туркманистон манъ кардааст. Вале азбаски ходими полис дар бораи коғази идораи муҳоҷират гуфт, ман фаҳмидам, ки чизе шудааст. Онҳо санадҳоро дида, ба бегуноҳ будани ман бовар ҳосил карданд, вале ба қароргоҳи депортатсионӣ фиристоданд. Вакилам сари вақт қарори додгоҳро овард. Онҳо баъд аз дидани он маро озод карданд.

Радиои Озодӣ: Ба назари худатон, чаро Шуморо таъқиб мекунанд?

Дурсултон Таганова: Бовар дорам, ки сабаби аслии фишор болои на фақат ман, балки фаъолони дигар ҳам, ин баромадҳои ҳамарӯзаи интернетии мо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ман 20-25 ҳазор хонанда дорам. Ҳар рӯз баромадҳои зиндаи моро 6-7 ҳазор кас мебинад. Ҳар рӯз видео сохта дар шабакаҳо мегузорем, назари худро баён мекунем, мегӯем, дар кишвар чӣ тағйироте бояд сурат гирад. Дар бораи таъқибҳову вайрон шудани қонун ва коррупсия дар Туркманистон мегӯем. Мо назари худро бо ҳамватанонамон дар миён мегузорем. Ин чиз кумак кардааст, ки ҳамватанони мо ҳам тадриҷан ба изҳори назари худ шуруъ кунанд. Онҳо ҳам хостори тағйирот ҳастанд. Аз ин рӯ, дар он феҳрист номи фаъолони дигар ҳам буд, ки ба ин мубоҳисаҳо ҳамроҳ шуданд. Чанд рӯз пеш онҳо ҷамъ шуда, талаби боз кардани дарҳои Туркманистонро карданд. Сабабаш ҳам, ба назарам, ҳамин аст. Ҳукумат мехоҳад, ки ин ҳама бас шавад, мехоҳад, мо хомӯш шавем ва барои ин онҳо бояд моро ба Туркманистон расонанд.

Радиои Озодӣ: Шумо ҳукумати Туркманистон, на Туркияро танқид мекунед. Чаро туркҳо ба Шумо фишор меоранд?

Ман ҳеч гоҳ аз роҳ намегардам. Ҳоло маълум шуд, ки ҳукумати Туркманистон аз мо метарсад. Бисёре аз ҳамватанон ба изҳори назари худ пардохтанд ва агар мо хомӯш шавем, боз ҳамааш ба сифр баробар мешавад.

Дурсултон Таганова: Бале, ман ба зидди давлати Туркия коре намекунам, вале ҳукумати Туркманистон бо дасти Анкара мехоҳад, моро пахш кунад, чунки ба шеваи дигари амал қодир нест.

Радиои Озодӣ: Дурсултон, оё вақти боздошт мақомоти Туркия тақозо карданд, ки фаъолиятҳои худро бас кунед?

Дурсултон Таганова: Ин дафъа чунин ҳушдор садо надод. Вале чанд моҳ пеш маро ба хадамоти муҳоҷират даъват карда, огоҳ карданд, ки “муносибатҳои Туркияву Туркманистон каме печида шудааст, аз ин, эътирозу митингҳоятро як тараф мон”. Ман он вақт гуфтам, ки чунин намоишҳоро ташкил намекунам, барномаҳои интернетӣ таҳия карда, аз ин минбар назарамро баён мекунам, фикрамро бо ҳамватанон дар миён мегузорам. Вале онҳо ба ман ҳатто баромадҳои онлайниро манъ карданд. Ин дафъа чунин огаҳиҳо садо надодааст.

Радиои Озодӣ: Пас, ҳоло чӣ мекунед, шояд аз таҳияи барномаҳо даст мекашед?

Дурсултон Таганова: На, ман ҳеч гоҳ аз роҳам намегардам. Чунки дигар ҳоло маълум шуд, ки ҳукумати Туркманистон аз мо метарсад. Бисёре аз ҳамватанон ба изҳори назари худ пардохтанд ва агар мо хомӯш шавем, боз ҳамааш ба сифр баробар мешавад. Ман бо азми қавӣ амал мекунам, ҳамаҷониба ба фаъолони дигар ёрӣ мерасонам, то ҷаҳониён садои онҳоро бишнаванд. Мо ба мубориза идома медиҳем.

Радиои Озодӣ: Духтаре аз Осиёи Марказӣ ҳастед, ки бисёре аз бонувон аз сиёсат дурӣ меҷӯянд. Чӣ хел шуд, ки дар режими худкомаи Туркманистон бузрг шуда, вале тавонистед ба як бонуи фаъоли сиёсӣ табдил шавед?

Дурсултон Таганова: Занҳо дар ҳар ҷойи дунё бояд барои ҳақи худ мубориза баранд. Бояд ҳамеша чунин бошад, то ки вазъият онгуна, ки дар Туркманистон аст, нашавад. Дар Туркманистон ҳоло на занон, на кӯдакон, ҳеч кас ҳақ надорад. Сабаб ин ки мо ҳамеша хомӯш ҳастем, мо барои он ба ин ҳолат расидем, ки барои ҳаққи худ мубориза набурдем. Аз ин рӯ, ҳама бояд барои ҳимоят аз ояндаи худ бихезад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG