Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтақиди ҳукумати Туркманистон мегӯяд, ба ӯ дар Туркия фишор меоранд


Дурсултон Таганова, фаъоли туркман.
Дурсултон Таганова, фаъоли туркман.

Дурсултон Таганова, фаъоли туркманистонӣ, ки дар шаҳри Истамбули Туркия зиндагӣ дорад, гуфт, мақомоти муҳоҷирати Туркия ба хотири танқиди ҳукумати Туркманистон ба ӯ фишор меоранд.

Ба гуфтаи Таганова, рӯзи 15 апрел ӯро ба мақомоти муҳоҷирати Туркия даъват ва дар бораи зиндагиву пайвандонаш ва сабабҳои танқиди ҳукумати Туркманистон пурсидаанд.

"Ба ман гуфтанд: ҳушдорат медиҳем, ки баромадҳоро дар интернет қатъ бикун. Ин барои давлати Туркия муҳим аст. Мо намехоҳем, ки шумо ин ҷо дар буду бош мушкил дошта бошед", - гуфт Таганова.

Ба гуфтаи ин фаъоли туркманистонӣ, дар мақомоти муҳоҷирати Туркия ба вай фаҳмондаанд, муколамаҳо ва суханрониҳои блогеронеро пайгирӣ мекунанд, ки мақомоти Туркманистонро танқид мекунанд.

Мақомоти Туркия Тагановаро чанде пеш боздошт карда ва тасмим доштанд, ки ба Туркманистон ирсол кунанд. Аммо дар пайи даъвати 11 созмони ҳомии ҳуқуқ ӯро аз боздошт раҳо карданд. Баъди ин ҳодиса мақомоти Туркманистон нисбати Таганова бо моддаи қаллобӣ парванда боз карданд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, интизор меравад, ки президенти Туркия дар моҳҳои наздик ба Турманистон сафар кунад. Ин таъқиб ва фишорҳо ба мунтақидони ҳукумати Туркманистон дар остонаи сафари президенти Туркия ба Туркманистон сурат мегиранд.

XS
SM
MD
LG