Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори ҳазорҳо маҳбус аз зиндони Порт-о-Пренс


Ҳаитӣ
Ҳаитӣ

Мақомоти Ҳаитӣ (Гаити) дар пайи фирори дастҷамъонаи маҳбусон аз зиндони шаҳри Порт-о-Пренс дар саросари ин кишвар вазъи фавқулода эълом карданд.

Хабаргузории "France-24" иттилоъ дод, ки рӯзи якшанбеи гузашта дар натиҷаи ҳамлаи хунини як гурӯҳи ҷиноӣ ба зиндони пойтахти Ҳоитӣ ҳазорҳо маҳбус фирор кардааст.

Мақомоти Ҳаитӣ барои барқарор кардани тартибот дар саросари ин кишвар вазъи фавқулода ва аз соати 18:00 то соати 5-и субҳ қуюди шабона эълом кардаанд. Қуюди шабона дар минтақаҳои ғарбии кишвар, ки пойтахти Ҳаитӣ дар онҷо ҷойгир аст, ҷорӣ шудааст.

Ҳукумати Ҳаитӣ гуфтааст, дар сурати зарурат вазъи фавқулода ва қуюди шабона дароз карда мешавад.

Ба гуфтаи манбаъҳои расмӣ, дар маҳбасе, ки 3800 кас нигаҳдорӣ мешуд, ҳудуди 100 зиндонӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG