Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон эҳтимол халабонҳои афғонро ба Толибон таслим кунад


Сарҳади Узбекистон бо Афғонистон
Сарҳади Узбекистон бо Афғонистон

Узбекистон Амрикоро аз эҳтимоли бозпас фиристодани халабонҳои низомии афғоне ба ватанашон ҳушдор додааст, ки ду ҳафта пеш ба ин кишвар паноҳ бурдаанд. Дар ин бора The Wall Street Journal бо истинод ба як манбаъ дар Вашингтон хабар додааст.

Ба иттилои расона, сабаби гирифтани ин тасмим фишорҳои ҳаракати Толибон гуфта мешавад.

Ба гуфтаи Вашингтон, Узбекистон аз Иёлоти Муттаҳида даъват дорад, ки ҳар чи зудтар халабонҳоро ба кишвари севум интиқол диҳад. Дар сурати интиқол надодан Тошканд маҷбур мешавад, барои бад нашудани муносибатҳо бо Толибон онҳоро ба ватан бозпас фиристад.

Ҳаракати Толибон 15-уми август шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро тасарруф кард. Дар натиҷа қисме аз низомиёни он кишвар ба Узбекистону Тоҷикистон фирор карданд.

Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, рӯзҳои 14 ва 15-уми август 24 чархболу 22 ҳавопаймои низомии Афғонистон ҳарими ҳавоии он кишварро нақз карданд.

XS
SM
MD
LG