Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҷиноӣ нисбати шаш нафар барои бадрафторӣ дар зиндони Эвин


Гурӯҳи зиндониҳо дар як утоқи зиндон Эвин рӯи замин мехобанд
Гурӯҳи зиндониҳо дар як утоқи зиндон Эвин рӯи замин мехобанд

Мақомоти низоми адлияи Эрон гуфтанд, дар робита бо видеоҳои шиканҷаи маҳбусон дар зиндони Эвини Теҳрон ду нафар ҳабс ва чор тани дигар ба шарти берун нарафтан аз макони зист боздошт шуданд. Исму вазифаҳои онҳо фош намешавад. Чанде пеш гурӯҳи рахнагарони “Адолати Алӣ” дастгоҳҳои сабти видеои зиндони Эвинро шикаста наворҳои латукӯби шадиди зиндониҳоро дар интернет нашр кард. Рӯзи 30-юми август хабаргузории “Мизон” гуфт, ки дар робита бо ин наворҳо шаш нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудаанд. Созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International гуфт, ки дар маҷмӯъ 16 пора видеоро тамошову таҳқиқ карда ба хулосае омадааст, ки ин ҳама наворҳо “далели такондиҳандаи латукӯб, озори ҷинсӣ, нодида гирифтани эҳтиёҷ ба ёрии тиббӣ” мебошанд. Ин созмон мегӯяд, ки утоқҳои зиндон фавқулодда серодам буда, маҳбусон дар шароити ғайриинсонӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Ин созмон айни замон бо таассуф мегӯяд, ки ин ҳама наворҳо танҳо чакрае аз баҳранд ва умқи мушкил аз ҷомеа пинҳон мемонад.

XS
SM
MD
LG