Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорат бар фурудгоҳи Кобул ва таҷлили "истиқлолияти комил"-и Толибон


31-уми август, фазои Кобул баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои амрикоӣ
31-уми август, фазои Кобул баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои амрикоӣ

Бо тарки Кобул кардани охирин ҳавопаймои низомиёни амрикоӣ баъди хатми ҷанги 20-солаи Афғонистон, Толибон фурудгоҳи байналмилалии Кобулро таҳти назорати худ дароварданд. Рӯзи 31-уми август дар кӯчаҳои шаҳри Кобул садои тирандозии шодбошии Толибон аз хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ ба гӯш мерасид. Нирӯҳои ИМА ва муттафиқонашон дар як амалиёти бебандуборе шитобон Афғонистонро тарк карданд ва ҳазорҳо афғонистониҳоеро, ки бо ҳукумати пешин ва ғарбиҳо кор мекарданд, дар ҳолати нигарониву тарс аз интиқомҷӯиҳои ҳукумати Толибон гузоштанд.

ИМА ва муттафиқонашон гуфтанд, ки дар давоми ду ҳафтаи ахир 123 ҳазор нафарро аз Кобул берун бурданд ва дар баробари хориҷиҳо миёни онҳо ҳазорҳо мутахассисоне буданд, ки барои ҳукумати пешин кор кардаанд. Баъди аз Кобул берун рафтани амрикоиҳо аксу видеоҳое паҳн мешавад, ки дар он дида мешавад, ки Толибон муассисаҳои фурудгоҳи Кобулро ишғол карда ба дохили кабинаи пилотҳои ҳавопаймоҳо ворид мешаванд. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки Афғонистон бо берун рафтани амрикоиҳо “ба истиқлолияти пурра даст ёфт”. Ӯ гуфт, ки ин гурӯҳи тундрав хостори “равобити хуб бо ИМА ва ҷаҳон” аст ва пирӯзии Толибон “ба ишғолгарони дигар дарс мешавад”.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки хатми ҳузури низомии Амрико хотима ёфт ва акнун “рисолати нави дипломатӣ шурӯъ мешавад”.

XS
SM
MD
LG