Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Русия аз афзоиши ришвахорӣ хабар дод


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додситонии кулли Русия гуфт, ки шурӯъ аз соли ҷорӣ дар саросари кишвар фасоду ришвахорӣ якбора боло рафтааст. Рӯзи 30-юми август дар як гузорише, ки ин ниҳод нашр кард, гуфта шуд, ки то 30-юми июн 24,500 ҳодисаҳои фасод расман сабт шудааст ва дар ҳашт соли охир ин омори азимтарин будааст.

Дар гузориш омадааст, ки тахминан нисфи ин ҳодисаҳо ба порагирӣ рабт дошта, сеяки онҳо порахӯрӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор рубл, муодили 135 доллар ё камтарро дар бар мегиранд. Аксари ин ҳодисаҳо дар ватани президент Владимир Путин шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ставропол, Перм ва минтақаи Волгаву Уралск сабт шудаанд.

Оғози соли ҷорӣ дафтари додситони кулли Русия гуфт, ки аксари ҳодисаҳои фасодхорӣ ба кормандони ҳифзи қонун ва баъди онҳо ба кормандони вазорати дифоъ рабт дорад. Моҳи март Думаи давлатӣ тарҳи қонунеро қабул кард, ки ба фасод дар бахши ҳолатҳои изтирорӣ рабт мегирад. Ин қонун мақомотеро аз ҷавобгарӣ барои фасод озод мекунад, ки дар ҳолатҳои аз онҳо новобастаи мисли офатҳои табиӣ, ҳодисаҳои низомӣ, оташу пандемия ваё ҳамлаҳои террористӣ рух додаанд.

XS
SM
MD
LG