Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен гуфт, сафорати ИМА аз Кобул ба Давҳа кӯчид


Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА
Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА

Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА рӯзи 30-юми август, чанд соат баъди он ки нирӯҳои амрикоӣ Афғонистонро тарк карданд, гуфт, тамоми дипломатҳои амрикоӣ аз Кобул рафтанд ва фаъолияти сафорати ИМА дар Афғонистон боздошта шуд. Блинкен гуфт, баъди 20 соли ҷанг Вашингтон ҳузури дипломатии худро аз Кобул ба Давҳа, пойтахти Қатар интиқол дод. Дар ин кишвар дафтари сиёсии Толибон ҷойгир шудааст. Блинкен, ки суханронии муфассалашро ба мавзӯи сиёсати ИМА дар Афғонистон бахшида буд, гуфт, “нирӯҳои мо аз Афғонистон берун шуданд”. Ба гуфтаи ӯ, “дар равобити ИМА ва Афғонистон марҳилаи нав шурӯъ шуд”. Ӯ гуфт, ки аз ин ба баъд рисолати низомӣ ба анҷом расида, фурсати дипломатия расидааст.

ИМА ва муттафиқонаш аз 14 то 30-уми август аз Афғонистон 122 ҳазор нафарро берун бурдаанд ва бо ҳамин ҳузури 20-солаи амрикоиҳо дар ин кишвар ба анҷом расид. Вале дар шароити тарки беназму бебандубор ҳамоно ҳазорҳо афғонҳои соҳибихтисосе, ки барои кишварҳои ғарбӣ кор ва кӯмакҳо кардаанд, натавонистанд сари вақт аз кишвар берун бурда шаванд.

Блинкен гуфт, ки ИМА дар ҳамкорӣ бо муттафиқону кишварҳои ҳамкораш ба амрикоиҳо, хориҷиҳо ва афғонҳое, ки ҳаёташон таҳти хатар аст, дар тарки Афғонистон кардани онҳо аз роҳи ҳавоӣ ваё заминӣ мусоидат хоҳад кард. Ӯ гуфт, ки ИМА бо ҳукумати Толибон дар сурате ҳамкорӣ хоҳад кард, ки ин чиз ҷавобгӯи манфиатҳои ИМА бошад, ба кишвар ва минтақа субот оварад ва дастовардҳоеро, ки дар давоми ду даҳа ба даст омадааст, ҳифз кунад.

XS
SM
MD
LG