Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон хабари боз будани марзҳояш ба рӯи гурезаҳои афғонро рад кард


Пули Ҳайратон дар марз миёни Афғонистон ва Узбекистон.
Пули Ҳайратон дар марз миёни Афғонистон ва Узбекистон.

Хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии Узбекистон хабари боз будани марзҳояш барои афғонистониҳоеро, ки ҳаёташон дар режими ҳаракати Толибон таҳти хатар аст, рад кард.

"Дар ҳоли ҳозир марзи Узбекистону Афғонистон ба далели таъмини амният комилан баста аст. Гузаргоҳи марзии "Тирмиз"-и миёни ду кишвар низ фаъолият намекунад ва боз шудани он низ дар ояндаи наздик дар назар нест", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Ин ниҳод ҳамчунин ёдовар шудааст, ки "ба ҳамагуна кушиши убури ғайриқонунии марзи Узбекистон бар асоси қонунгузории кишвар посух дода мешавад".

Вазорат гуфтааст, Узбекистон гурезаҳои афғонро қабул намекунад ва танҳо дар интиқоли онҳо ба кишвари севум мусоидат хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки Ҳейко Маас, вазири корҳои хориҷии Олмон гуфт, Узбекистон мехоҳад сарҳадашро барои он гурӯҳи афғонҳо боз кунад, ки дар феҳристи давлати Олмон ҳамчун афроди ҳаёташон мавриди хатар дар режими Толибон ёд мешавад. Маас рӯзи 30 август дар чаҳорчӯби сафари чоррӯзааш ба Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна ба Тошканд сафар кард.

Дар хабарҳои расмӣ гуфта мешавад, ки мавзӯи кӯмак дар берун бурдани гурӯҳи нафарони ҳаёташон таҳти хатар аз Афғонистон, мисли фаъолони ҳуқуқ ва журналистон - дар маркази гуфтугӯҳо хоҳад буд. Дар пасманзари сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, Олмон гуфтааст, ки ният дорад 40 ҳазор нафарро аз Афғонистон берун барад ва ё дар кишварҳои дигар ҷой диҳад. Маас дар сӯҳбат бо журналистон гуфт, "Узбекистон омода аст, ки дар ин кор ба мо кӯмак кунад".

XS
SM
MD
LG