Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷии Олмон: Таҳаввулоти ахир дар Афғонистон ҳамсояҳоро низ ба чолиш рубару мекунад


Ҳейко Маас, Вазири корҳои хориҷии Олмон.
Ҳейко Маас, Вазири корҳои хориҷии Олмон.

Вазири корҳои хориҷии Олмон дар остонаи сафари худ ба минтақа гуфтааст, ки бинобар таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, на танҳо афғонҳо, балки кишварҳои ҳамсоя низ ба чолиш рӯбарӯ ҳастанд.

Ҳейко Маас субҳи душанбе дар Тошканд бо мақомоти узбек дар робита ба таҳаввулоти Афғонистон суҳбат кард ва қарор аст ба Тоҷикистон ва Покистон – ду ҳамсояи дигари Афғонистон сафар кунад.

Дар изҳороте, ки Вазорати корҳои хориҷии Олмон рӯзи 29-уми август нашр кард, омадааст, ки тайи ду ҳафтаи гузашта барои берун бурдани шаҳрвандони Олмон, ҳамкорони афғони ниҳодҳои олмонӣ ва низ афроди бештаре, ки ниёз ба ҳифозат доранд, дар ҳамкорӣ бо ҳампаймонҳояшон корҳои зиёдеро анҷом доданд. Ӯ гуфт, вазъият дар Афғонистон бисёр бесубот ва хатарнок аст ва ҳамлаҳо дар фурудгоҳи Кобул нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои террористӣ чун ДОИШ, бо истифода аз ҳарҷу марҷ дар пайи густариши нуфуз дар ин кишвар ҳастанд.

"Ман имруз ба минтақа сафар мекунам то баён намоям, ки мушорикати Олмон бо анҷоми маъмурияти берун кардани низомӣ, ба поён намерасад. Бархе кишварҳое, ки ман имруз ба онҷо сафар мекунам, дар таъмини бомуваффақияти маъмурияти берун бурдани беш аз 5000 нафар аз Афғонистон бо парвозҳои "Bundeswehr" нақши муҳим бозиданд".

Оқои Маас, аз кишвари муайяне ном набурд, аммо қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Олмон тавассути Узбекистон садҳо нафарро аз Афғонистон ба берун бурд. Ӯ умедворӣ кардааст, ки ҳамкориҳо дар марҳилаҳои муҳиме, ки ҳоло оғоз мешавад, идома ёбад.

Рӯзи 29-уми август дар Туркия Маас ваъда дод, ки ба кишварҳое, ки бо Афғонистон сарҳадҳои заминӣ доранд, ёрии башардӯстона мерасонад. Дар ин сафар Маас ҳамчунин ба Қатар сафар мекунад, ки он ҷо қарор аст бо мақомоти Толибон гуфтугӯ анҷом диҳад.

Ин сафар дар ҳоле ҷараён дорад, ки нерӯҳои амрикоӣ ва бархе кишварҳои боқимондаи эътилофӣ шитоб доранд, ки то 31-уми август Афғонистонро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG