Сафорати Русия дар Кобул аз хосторони тарки Афғонистон кардани шаҳрвандони ин кишвар ва ҳам аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дархост кард, ки аризаҳои худро тавассути почтаи электронӣ фиристанд. Ҳафтаи гузашта Русия гуфт, ки 500 шаҳрванди Русия ва инчунин кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла, даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз Афғонистон ба ватанашон расониданд. Бо сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон аз таърихи 15-уми август, нирӯҳои амрикоиву эътилофӣ талош доранд, ки то 31-уми август ин кишварро тарк кунанд. Русия гуфтааст, ки кори сафоратхонааш дар Кобул ва тамосҳояш бо маъмурияти Толибон бетағйир мемонад.
Онҳое, ки мехоҳанд аз Афғонистон ба Русия ваё дигар кишварҳои СПАД баргарданд, бояд ба адреси имейли rusconsul-af@mail.ru нома зананд.