Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни таркиш дар пойгоҳи низомии Қазоқистон ба 14 нафар расид


Таркиш дар пойгоҳи низомии Ҷамбили Қазоқистон.
Таркиш дар пойгоҳи низомии Ҷамбили Қазоқистон.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон 29-уми август хабар дод, ки шумори қурбониёни таркиш дар пойгоҳи низомии вилояти Ҷамбул ба 14 кас расид.

Ба иттилои манбаъ, кормандони ин ниҳод ахиран ҷасади як тани дигарро низ пайдо карданд ва ҳоло шахсияти вайро муайян мекунанд. Дар миёни ҳалокшудаҳо кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода, пойгоҳи низомӣ ва додситонии ҳарбии Қазоқистон низ ҳастанд.

"Ҷустуҷӯи ду нафари бедаракшудаи дигар идома дорад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Силсила таркишҳову сӯхтор дар пойгоҳи низомӣ дар ҷануби Қазоқистон 26 август ба амал омада, дар аввал дар бораи кушта шудани панҷ нафар ва захмӣ гаштани 90 тани дигар хабар дода мешуд.

Нурлан Эрмекбаев, вазири дифои Қазоқистон, ки дар бораи ҳодисаи 26-уми август дар як нишасти хабарии рӯзи ҷумъа хабар дод, гуфт, ҳанӯз сабаби сар задани сӯхтор дар анбори низомии воқеъ дар шаҳри Ариси вилояти Ҷамбул маълум нест ва ҳама фарзияҳо, аз ҷумла, як амали махсус тарҳрезишуда будани ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG