Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти амрикоӣ аз пешгирии як ҳамлаи маргталабона дар Кобул хабар доданд


Дуди сиёҳ аз маҳали ҳамлаи бесарнишини амрикоӣ дар Кобул
Дуди сиёҳ аз маҳали ҳамлаи бесарнишини амрикоӣ дар Кобул

Мақомоти Амрико рӯзи 29-уми август эълон карданд, дар Кобул тариқи ҳавопаймои бесарнишин ба мошини ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави ДОИШ ҳамла карданд.

Ба гуфтаи мақомот, ин мошин маводи тарканда дошт ва ба сӯи фурудгоҳи Кобул ҳаракат мекард. Мансабдорони Иёлоти Муттаҳида бовар доранд, ки аз як ҳамлаи хунин пешгирӣ карданд. Билл Урбан, сухангӯи Фармондеҳии марказии ИМА гуфт, пас аз ҳамла мошин таркид ва мавҷи таркиш нишон дод, ки он пур аз маводи тарканда будааст.

Урбан афзуд, ки ҳеҷ талафоте дар ин ҳамла ба ғайринизомиён нарасидааст. Пештар хабарҳое аз таркиш дар як манзил дар наздикии фурудгоҳ расида буд, вале маълум нест, ки ҳамон ҳамлаи беранишини амрикоӣ буд ё таркиши ҷудогона.

Хабаргузории Ассошэйтед Пресс аз қавли як фармондеҳи пулиси Афғонистон гуфтааст, ки дар ин ҳамла як кӯдак кушта шудааст. Гузоришҳо дар бораи таркиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон доданд, ки дуди сиёҳ аз биное ба назар мерасад, ки манзили зист аст. Инфиҷор замоне рух дод, ки нерӯҳои амрикоӣ дар марҳилаи ниҳоии хуруҷи худ қарор доранд.

Рӯзи 26-уми август дар таркиши маргталабонае дар фурудгоҳи Кобул беш аз 200 нафар, аз ҷумал 13 низомии амрикоӣ кушта шуд.

Ҳоло Кобул дар дасти Толибон қарор дорад ва ИМА бояд то 31-уми август ин кишварро пурра тарк кунад.

XS
SM
MD
LG