Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ гуфт, шояд ним миллион нафари дигар аз Афғонистон гурезад


Аксари афғонистониҳо дар талоши фирор аз кишвар ҳастанд
Аксари афғонистониҳо дар талоши фирор аз кишвар ҳастанд

Оҷонсии СММ дар умури паноҳандагон пешгӯи кардааст, ки эҳтимол дар пайи хушунатҳо то охири сол аз Афғонистон наздики ним миллион нафар ба кишварҳои дигар паноҳанда шаванд.

Ин ниҳоди СММ рӯзи 27-уми август изҳор дошт, ки вазъият пас аз ғасби Афғонистон аз ҷониби Толибон номаълум боқӣ мемонад.

Бар асоси ин пешгӯи, ба шумораи 2,2 миллион афғонистонӣ, ки аксаран дар Эрон ва Покистон худро ҳамчун паноҳанда сабт кардаанд, эҳтимол боз 500 ҳазор нафари дигар изофа шавад.

Ба ҳисоби СММ, танҳо имсол беш аз 500 ҳазор нафар дар дохили Афғонистон аз ҷойи зисташон фирор кардаанд, ки аксаран занон ва кӯдакон ҳастанд.

Ҳоло бо ҷуз вилояти Панҷшер тамоми Афғонистон таҳти назорати Толибон қарор гирифтааст. Дар ду ҳафтаи охир фишори озодандешон ва хушунат аз ҷониби ин гуруҳ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст. Садҳо нафар дар фурудгоҳи Кобул дар талоши берун шудан аз кишвар ҳастанд.

XS
SM
MD
LG