Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни таркишҳо дар Фурудгоҳи Кобул аз 170 кас гузашт


Таҷаммӯи одамон дар паси дари бемористонҳо. Кобул, 27-уми августи 2021
Таҷаммӯи одамон дар паси дари бемористонҳо. Кобул, 27-уми августи 2021

Шумори қурбониёни таркишҳои маргбор дар канори Фурудгоҳи Кобул, ки рӯзи 26-уми август рӯй дод, аз 170 нафар гузашт.

Шабакаҳои телевизиюнии Амрико аз қавли як мақоми Вазорати тандурустии Афғонистон гуфтанд, ин рақам бештар аз омори қаблӣ мебошад, ки талафотро 100 нафар хонда буданд. Ба иттилои онҳо, ба камияш 200 нафари дигар захмӣ ҳастанд.

Мақомоти Амрико мегӯянд, дар ин инфиҷорҳо 13 низомии Иёлоти Муттаҳида ҳам қурбон шуданд.

Доминик Раб, вазири корҳои хориҷии Бритониё, гуфт, ду шаҳрванди ин кишвар, аз ҷумла як кӯдак, дар таркиш дар канори Фурудгоҳи Кобул ба ҳалокат расиданд. Ӯ 27-уми август дар эъломия гуфт, "ин як фоҷиа аст, зеро шахсони бегуноҳ дар як ҳамлаи буздилонаи террористӣ кушта шуданд".

Масъулияти ҳамлаҳоро шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба уҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG