Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як намояндаи Олмон барои баҳси вазъ дар Афғонистон ба Тоҷикистон меояд


Ҳейко Маас
Ҳейко Маас

Бино ба хабари матбуоти ғарбӣ, вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳейко Маас рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон – ҳамсояҳои наздиктарини Афғонистон – сафар мекунад.

Мавзӯи Афғонистон ва таҳаввулоти босуръати ҳодисаҳо дар ин кишвар, ки аз 15-уми август боз зери назорати "Толибон" аст, дар маркази суҳбатҳои ӯ бо ҳамкоронаш дар Осиёи Марказиву Ҷанубӣ хоҳад буд.

Ба навиштаи "Ройтерз", Вазорати корҳои хориҷии Олмон дар бораи нақшаҳои сафари Маас ба минтақа порлумони ин кишварро огоҳ кардааст. Манбаъ навиштааст, дар нома дар бораи бархӯрди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи Афғонистон ва ҳам шарти эҳтимолии эътирофи ҳукумати нав ёд шудааст.

Мақомот дар Тоҷикистон дар бораи хабари сафари қарибулвуқӯи Маас иттилоъ намедиҳанд, аммо 27-уми август Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи мулоқоти вазир Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Олмон Андреас Протманн дар Душанбе хабар дод.

Дар иттилоия омадааст, ҷонибҳо "ҳамкориҳо, вазъ дар Афғонистон, муборизаи муштарак бо бемории COVID-19" ва мавзуъҳои дигарро баррасӣ карданд.

Ҳанӯз "Толибон" дар бораи ташкили аъзои ҳукумати нав хабар надодаанд. Кишварҳои аврупоӣ гуфтаанд, дар эътирофи ҳукумати нав дар Афғонистон шитоб намекунанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 25-уми август, ҳангоми мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, дар Душанбе паём дод, ки хоҳони ҳукумати фарогири иборат аз намояндагони тамоми қавмҳои миллӣ дар Афғонистон аст ва афзуд, ғайри ин ҳукумати дигарро эътироф намекунад.

"Толибон" дар Тоҷикистон як созмони мамнӯъ ва террористӣ аст. Ба фарқ аз Тоҷикистон, Русия ва Узбекистону Туркманистон роҳҳои дипломатии муколама бо "Толибон"-ро фаъол карда, мегӯянд, ҳадафи онҳо пешгирӣ аз ҳама гуна таҳдид ба марзҳои кишварашон мебошад.

Президенти Русия Владимир Путин изҳори умед кард, ки "Толибон" барои марзҳои Осиёи Марказӣ, ки бо ин қаламрав дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой кор мекунад, таҳдид намекунанд.

Олмон узви НАТО ва муттаҳиди калидии Амрико буда, дар амалиёти берун бурдани афғонистониҳое, ки бо омадани "Толибон" ҳаёташон зери хатар аст, ширкат мекунад. Аз ҷумла, дар пойгоҳи амрикоии Рамштейн дар Олмон шаҳраке барои паноҳандагон бунёд шудааст ва паноҳҷӯёни афғонро пеш аз гирифтани иҷозаи вуруд ба Амрико дар он ҷо нигоҳ медоранд.

Тоҷикистон ба ҳайси кишвари транзитӣ ба берун рафтани нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ёрӣ карда, фурудгоҳи шаҳри Кӯлобро дар ҷануби кишвар барои қабули ҳавопаймоҳои эътилофӣ додааст.

XS
SM
MD
LG