Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Авесто": додугирифти хориҷии Тоҷикистон 45% афзуд


Пахтаи хом яке аз маҳсулоти муҳими содиротӣ аз Тоҷикистон мебошад
Пахтаи хом яке аз маҳсулоти муҳими содиротӣ аз Тоҷикистон мебошад

Додугирифти хориҷии Тоҷикистон дар 7 моҳи соли равон 3 миллиарду 550 миллион доларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи як соли пеш тахминан 45 дарсад бештар будааст. Хабаргузории "Авесто" бо такя ба вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон навишт, ки дар ин давра воридот ба Тоҷикистон 2 милларду 218 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 27 дарсад бештар аст. Дар ҳамин давра Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 300 миллион доллар маҳсулот содир намудааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта тахминан ду баробар бештар аст. Ба навиштаи хабаргузорӣ додугирфти Тоҷикистон беш аз ҳама бо Швейтсария 723 миллион долларро ташкил додааст.

Алюминий, пахтаи хом ва маҳсулоти кишоварзӣ аз маводи аслии содиротии Тоҷикистон ба берун аз кишвар маҳсуб меёбанд.

XS
SM
MD
LG