Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон амалиёти берунбарии мардумро аз Афғонистон хотима дод


24-уми август, пойгоҳи амрикоии Рамштейн дар Олмон. Хонаҳои муваққатӣ барои паноҳҷӯёни афғон сохта шудаанд
24-уми август, пойгоҳи амрикоии Рамштейн дар Олмон. Хонаҳои муваққатӣ барои паноҳҷӯёни афғон сохта шудаанд

Олмон дар остонаи хатми мӯҳлати берунбарии мардум аз Афғонистон дар пайравӣ аз Канада, Венгрия ва дигар аъзои НАТО гуфт, ки берун бурдани кормандон ва шаҳрвандони Афғонистонро хотима медиҳад. Рӯзи 26-уми август бо дарёфти хабар аз эҳтимоли рух додани ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи Кобул кишварҳои ғарбӣ аз мардум тақозо карданд, ки дуртар аз фурудгоҳ бошанд ва ин ҳолат фишору саросемагиро дар берун бурдани мардум аз Афғонистон афзоиш дод. Шоми 26-уми август дар фурудгоҳи пойтахти Афғонистон ду таркиши пурқудрат рух дод ва чандин нафарро аз ҳисоби низомиёни амрикоӣ ва мардуми маҳаллӣ куштаву захмӣ бар ҷой гузошт. Вазири дифои Олмон Аннегрет Крамп-Карренауэр гуфт, ки шоми 26-уми август охирин ҳавопаймои олмонӣ ба шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон расид. Вазир гуфт, лаҳзаҳое, ки таркиш рух дод, ҳавопаймо қарор кард, ки парвози изтирорӣ анҷом диҳад ва ба ҳаво баланд шуд. Вазир гуфт, ки ҳамла нишон дод, ки «тамдиди амалиёт дар Кобул имкон надорад. Вазир гуфт, "вазъи амниятӣ дар маҳал ва ҳам қарори Толибон, ки гуфтаанд, тамдиди мӯҳлати берун бурдани мардумро баъди 31-уми август қабул надоранд, идомаи амалиётро номумкин мегардонад".

XS
SM
MD
LG