Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар назди Фурудгоҳи Кобул, ҷое, ки ҳазорон кас гирд омадаанд


Фурудгоҳи шаҳри Кобул
Фурудгоҳи шаҳри Кобул

Пентагон ё Вазорати дифои Амрико тасдиқ кард, ки рӯзи 26-уми август дар назди Фурудгоҳи Кобул таркиш рӯй дод. Ин дар ҳолест, ки дар он ҷо ҳазорон кас бо нияти ба хориҷа рафтан ҷамъ омадаанд.

Дар бораи талафот иттилое дар даст нест. Як мансабдори амрикоӣ гуфт, гузоришҳои аввал баёнгари онанд, ки таркиш маргталабона буд.

Чанд соат пеш аз ҳодиса дар Кобул аз мардум хоста буданд, ки ба фурудгоҳ нараванд ва то расидани дастурҳои нав дар макони амне интизор бимонанд.

Амрико кишварҳои дигари ғарбӣ шаҳрвандони худро огоҳ карданд, ки бино бо сабаби дарёфти таҳдидҳои “бисёр боэътимод” дар бораи ҳамлаҳои террористӣ, аз фурудгоҳи Кобул ва манотиқи атрофи он дуртар бошанд.

Ин шабу рӯз ҳазорҳо нафар талош доранд, ки тавассути фурудгоҳи шаҳри Кобул Афғонистонро тарк кунанд. Як диломати ғарбӣ рӯзи 26-уми август гуфт, бо вуҷуди огаҳиҳо аз таҳдиди ҳамлаи террористӣ, фурудгоҳ ва атрофи он пур аз издиҳоми мардум аст.

Дар 10 рӯз қариб 90 ҳазор нафарро аз Афғонистонро ба берун баровардаанд. 10 ҳазор кас дар фурудгоҳ мунтазиранд Баровардани мусофирон бояд 31-уми август поён ёбад.

XS
SM
MD
LG