Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" ба занҳои Афғонистон тавсия додаанд, ба кӯча набароянд


Кобули зери назорати "Толибон"
Кобули зери назорати "Толибон"

Гурӯҳи «Толибон» ба занҳои Афғонистон тавсия додааст, ки кор накунанд ва ба кӯча набароянд. Дар ин бора BBC бо такя ба намояндаи ҳаракати «Толибон» Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар дод.

"Нерӯҳои мо одати муомила кардан бо занҳо, гуфтугӯ кардан бо онҳоро надоранд. То замоне ки амнияти занҳо таъмин нашавад... аз онҳо хоҳиш мекунем, ки дар хона бимонанд. Ин раванди бисёр кӯтоҳе аст", - гуфтааст Муҷоҳид.

Намояндаи «Толибон» дар робита ба кӯч додани одамон аз фурудгоҳи Кобул аз афғонистониҳо даъват кард, ки ба фурудгоҳ нараванд, зеро онҷо бебандуборӣ ҳукмфармо аст.

Муҷоҳид аз Амрико хост, "кӯчидан" аз Афғонистонро "ташвиқ" накунад. Ба гуфтаи вай, Афғонистон худ ба шаҳрвандони болаёқаташ ниёз дорад.

«Толибон» рӯзи 15-уми август вориди пойтахти Афғонистон шуд ва эълом кард, ки тамоми кишварро таҳти назорат дорад. Вилояти Панҷшер аз назорати гурӯҳ берун аст. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ тарки кишвар кардааст.

XS
SM
MD
LG