Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон 115 шахси маҳкумшуда барои босмачигарӣ сафед карда шуданд


Парвандаи муттаҳамон дар ширкат дар ҳаракати босмачиҳо
Парвандаи муттаҳамон дар ширкат дар ҳаракати босмачиҳо

Додгоҳи олии Узбекистон 115 маҳкумшуда дар солҳои 1920-1930 дар режими Шӯравиро сафед кард, ки дар ҳаракати босмачиҳо зидди Артиши сурхи Русия иштирок мекарданд. Қарори Додгоҳи олии Узбекистон дар бораи бахшидани гуноҳи онҳое, ки як бахшашон ба ҳукми марг ва дигарҳо ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд, дар қароре рӯзи 25-уми август эълон кард.

Бар асоси ин гузориш, комиссиюни вижае, ки бо амри президент Шавкат Мирзиёев дар соли 2020 таъсис шуд, мардони сафедшударо “қурбонии саркӯбҳои режими сталинӣ” эътироф кардааст. Ин тафтишот собит кард, ки мардони мазкур аз ҷониби тройка – гурӯҳи сенафараи айбдоркунандаҳои додгоҳӣ ҳукм гирифтаанд. Тройкаро ОГПУ ном ниҳоде таъсис дода буд, ки баъдан ба КГБ табдили ном кард.

Парвандаи қурбониҳо моҳи феврали имсол расман ба баррасӣ гирифта шуд.

Ҳаракати босмачиҳо дар Осиёи Марказӣ дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон (1914-1918) пайдо шуд ва дар поёни солҳои 1920-ум аз ҷониби Артиши сурхи Шӯравӣ нобуд карда шуд. Бо ин вуҷуд, то оғози солҳои 1930-юм даргирии нирӯҳои ҳукумати шӯравӣ бо гурӯҳҳои боқимондаи босмачиҳо дар сарҳадҳои Афғонистон идома кард.

XS
SM
MD
LG