Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли нави хониш дар Қирғизистон ба таври анъанавӣ шуруъ мешавад


Яке аз мактабҳои шаҳри Бишкек, Қирғизистон.
Яке аз мактабҳои шаҳри Бишкек, Қирғизистон.

Дар Қирғизистон соли нави таҳсил 15 сентябр ва ба таври анъанавӣ шуруъ мешавад. Дар ин бора девони вазирони он кишвар ахиран тасмим гирифтааст.

Болотбек Купешев, вазири маориф ва илми Қирғизистон итминон дод, ки ҷараёни таҳсил бо риояи талаботи беҳдоштӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Яке аз шартҳои асосии шуруъи таҳсил ба таври анъанавӣ ваксиназании 70% омӯзгорон ва кормандони мактабҳо аст. То ин замон дар Қирғизистон 55,8 дарсад ё 61 ҳазору 457 омӯзгору корманди соҳаи маориф ваксинаи зидди коронавирус гирифтааст.

Дар Қирғизистон ба далели паҳншавии вабои коронавирус дар моҳи марти соли 2020 дарҳои мактабҳо баста шуда, таҳсил ба таври фосилавӣ ба роҳ монда шуд. Тамоми тули соли хониши 2020/2021 таҳсили фосилавӣ қисман идома кард.

XS
SM
MD
LG