Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Масъуд: агар Толибон ба музокира омода набошанд, нирӯҳояш ба ҷанг тайёранд


Аҳмад Масъуд дар Панҷшер нирӯҳои муқовимат ба Толибонро раҳбарӣ мекунад
Аҳмад Масъуд дар Панҷшер нирӯҳои муқовимат ба Толибонро раҳбарӣ мекунад

Рӯзи 24-уми август телевизиони eremnews, ки қароргоҳаш дар Имороти Муттаҳидаи Араб аст, тамрини силоҳбадастони содиқ ба Аҳмад Масъудро намоиш дод. Машқи низомии ин гурӯҳи мухолифи Толибон дар минтақаи Кутали Анҷуман, воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон доир шуд. Дар навор ҳампаймонҳои Аҳмад Масъуд ваъда медиҳанд, ки Толибонро ба ин гӯшаи Афғонистон роҳ намедиҳанд. Аҳмад Масъуд писари Аҳмад Шоҳ Масъуд аст, ки дар солҳои таҷовузи Шӯравӣ ва баъд дар солҳои ҷанг бо Толибон дараи Панҷшери Афғонистонро таҳти тасарруфаш қарор дода буд. Рӯзи 22-уми август дар суҳбат бо хабарнигорон Аҳмад Масъуд изҳори умед кард, ки аз роҳи музокирот бо Толибон ҳамаи мушкилот ҳал мешаванд. Вале ӯ афзуд, нерӯҳои зери фармонаш ба ҷанг омодаанд. Толибон дар гирду атрофи дараи Панҷшер мавқеъ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG