Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ ироаи ёриҳо ба Афғонистонро боздошт

Ҳирот, ноябри соли 2011, гули заъфарон. Дар майдонҳои кишти заъфарон он замон 5 ҳазор нафар, аз ҷумла 40 дарсад занон кор мекарданд. Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, истеҳсоли заъфарон зироати алтернативии сердаромад ва ҷойгузини маводи мухаддир ва харидораш Чину Ҳинду Аврупо мебошанд

Бонки ҷаҳонӣ гуфт, аз вазъи Афғонистон ва бархӯрди Толибон ба рушди ояндаи кишвар, бахусус занон “амиқан нигарон” буда, ироаи ёриҳо ба Афғонистонро бозмедорад. Як мақом ба Франс Пресс гуфт, ин ниҳоди ҷаҳонии молӣ вазъ дар кишварро аз наздик мушоҳида ва арзёбӣ мекунад. Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки дар бораи вазъи Афғонистон дар машварати доимӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ хоҳад буд.

Айни замон Бонки Ҷаҳонӣ хостори ҳифзу рушди “тарҳҳои муваффақе мебошад, ки бо заҳмати зиёд” ба даст омадаанд. Бонки Ҷаҳонӣ дар Афғонистон беш аз 20 тарҳи рушд дорад ва аз соли 2002 ба ин кишвар 5,3 миллиард доллар маблағ пешкаш кардааст.

XS
SM
MD
LG