Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни афғон намехоҳанд, баъди хатми таҳсил тарки Қазоқистон кунанд


Донишҷӯёни афғон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ.
Донишҷӯёни афғон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Донишҷӯёни афғонистонӣ, ки Донишгоҳи техникии шаҳри Қарағандаи Қазоқистонро хатм кардаанд, аз мақомоти ин кишвар хостанд, ки ба онҳо иҷозаи истиқомат дар Қазоқистонро бидиҳанд.

11 тан аз хатмкардаи донишгоҳ гуфтанд, ҳаёти онҳо дар Афғонистон дар хатар хоҳад буд ва ба ин далел мехоҳанд. дар Қазоқистон боқӣ монанд.

Абдулкасир Расулӣ, яке аз ин донишҷӯён гуфт, онҳо ба мақомоти муҳоҷирати Қазоқистон барои тамдиди визаҳояшон муроҷиат кардаанд.

Бино ба муқаррароти Қазоқистон, донишҷӯёни хориҷӣ дар он кишвар танҳо ҳаққи то 31 август боқӣ монданро доранд. Бахитҷон Кудияров, сухангӯи пулиси вилояти Қарағанда гуфт, масъалаи боқӣ мондани донишҷӯёни афғонистонӣ дар ҳоли баррасӣ аст.

Вазорати маорифи Қазоқистон хабар дод, ки дар ин кишвар 102 донишҷӯ аз Афғонистон таҳсил мекунад. Қисме аз он дар истироҳати тобистона ба ватанашон рафтаанд. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар сурати имкони баргаштан ба Қазоқистон онҳо метавонанд, таҳсилро давом диҳанд.

XS
SM
MD
LG