Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси зиндонҳои Эрон барои бадрафторӣ бо маҳбусон узрхоҳӣ кард


Дар назди даромадгоҳи зиндони Эвин
Дар назди даромадгоҳи зиндони Эвин

Дар як мавриди бисёр камназир раиси низоми зиндонҳои Эрон барои ба гуфтааш “рафтори ғайри қобили қабул” дар зиндони Эвини Теҳрон узрхоҳӣ кардааст. Гурӯҳи рахнагароне бо номи “Адолати Алӣ” дар як навори видеоие, ки бо Радио Фардо ва чанд расонаи дигар дар миён гузоштааст, саҳнаҳои латукӯби зиндониён ва дар замин кашола кардани маҳбусонро намоиш додааст. Ин навор зоҳиран бо дастгоҳҳои наворбардории дохили зиндон сабт шудаанд.

Муҳаммад Меҳдӣ Ҳаҷмуҳаммадӣ дар як изҳороташ дар Твиттер гуфт: “Дар робита бо аксҳо аз зиндони Эвин ман масъулияти чунин рафтори ғайри қобили қабулро ба дӯш мегирам ва ваъда медиҳам, ки дар оянда аз такрори чунин ҳодисаҳо пешгирӣ мешавад ва бо онҳое, ки бадрафторӣ мекунанд, ҷиддан рафтор хоҳад шуд”. Ҳаҷмуҳаммадӣ инчунин навиштааст, ки аз “худованд, раҳбари олии Эрон, мардуми Эрон ва кормандони бошарофати зиндонҳо, ки чунин хатоҳо наметавонад кори хуби онҳоро хадшадор кунад”, узрхоҳӣ кардааст.

“Адолати Алӣ” гуфт, ки дар даст навору санадҳои зиёди дигарро дорад, ки баёнгари азияту озори маҳбусон, ба вижа зиндониҳои сиёсӣ аст ва ҳамаи онҳоро ҳам нашр хоҳад кард.

Эрон дар гузашта интиқодҳо аз поймолшавии ҳуқуқи башар дар ин кишварро рад кардааст.

Ҳаҷмуҳаммадӣ, бо ин ки аз фошшавии ҳодисаҳои бадрафторӣ узрхоҳӣ кардааст, нагуфт, ки оё бо чунин ҳодисаҳо чӣ гуна мубориза мебарад.

Эвин соли 1971 дар замони шоҳи Эрон сохта шуда, аз он замон то кунун ба як сохтори поймолкунандаи ашаддии ҳуқуқи инсон табдил шудааст. Дар ин зиндон бисёр вақт маҳбусони сиёсиро нигоҳ медоранд.

Human Rights Watch дар гузорише мегӯяд, зиндони Эвин яке аз дащшатноктарин шароитҳоро дорад ва "маҳбусон дар ин ҷо бо таҳдиди шиканҷа, таҳиди ҳабси бемӯҳлат, шиканҷаи наздикон, таҳқир, бозпурсиҳои батакрори 5 то 6-соата, рад шудани кӯмаки тиббӣ ва набуди иҷозаи дидор бо оиларо таҷриба мекунанд".

XS
SM
MD
LG