Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли мардум аз фурудгоҳи Кобул идома дорад


Фурудгоҳи Кобул. Мардум барои нишастан ба ҳавопаймо саф кашида мераванд
Фурудгоҳи Кобул. Мардум барои нишастан ба ҳавопаймо саф кашида мераванд

Рӯзи 23-юми август бебандуборӣ дар фурудгоҳи Кобули пур аз хосторони тарки кишвари зери назари Толибон идома дошт. Вашингтон баробар бо ҳавопаймоҳои низомӣ ҳоло бо ёрии ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ талош дорад мардумро берун барад ва президенти ИМА Ҷо Байден ишора кард, ки дар сурати зарурат мӯҳлати берункашии нирӯҳо аз Афғонистон тамдид мешавад. Субҳи 23-юми август нирӯҳои мусаллаҳи Олмон хабар доданд, ки дар як тирандозӣ дар қисмати шимолии фурудгоҳи Кобул як посбони афғон куштаву се нафар маҷрӯҳ шуд. Маълум нест тирандозӣ кори дасти кӣ буд, вале ба иттилои нирӯҳои амрикоӣ ва олмонӣ, марди афғони кушташуда як узви Толибон мебошад, ки барои назорати фурудгоҳ ҷалб шуда буд.

ИМА аз таҳдиди эҳтимолии гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон ва як рақиби Толибон дар атрофи фурудгоҳ изҳори нигаронӣ кард. Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Ҷейк Салливан дар мусоҳибааш бо CNN ин таҳдидро “воқеӣ ва оҷил” номидааст.

Рӯзи 22-юми август низомиёни бритониёӣ гуфтанд, ки дар бебандубориҳои ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи Кобул 7 нафар кушта шуд.

Дар ҳамин ҳол Толибон гуфтанд, ки барои ташкили ҳукумати нав гуфтугӯҳоро оғоз намудаанд. Дар ҳамин ҳол, боқимондаҳои артиши давлатӣ ва нирӯҳои вижаи Афғонистон дар водии Панҷшер – шимоли Кобул ҷамъ мешаванд. Эътилофи шимол – нирӯи калидии зидди Толибон дар солҳои 1990-ум Панҷшерро истеҳкоми худ медонад.

XS
SM
MD
LG