Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Масъуд: "Агар ҷангҷӯёни Толибон ба Панҷшер ҳамла кунанд, муқовимат хоҳем кард"


Аҳмад Масъуд.
Аҳмад Масъуд.

Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, аз раҳбарони муқовимати зидди Шӯравӣ дар даҳаи 1980-и милодӣ, ки ҳоло назорати дараи Панҷшери Афғонистон дар дасти ӯст, мегӯяд, дар баробари Толибон муқовимат хоҳанд кард.

Ин суханони Аҳмад Масъуд дар ҳоле садо медиҳад, ки бар асоси баъзе гузоришҳо, раҳбари "Толибон" ба ҷангҷӯёнаш фармон додааст, ки ба Панҷшер ҳамла кунанд ва ба зӯр онро тасарруф намоянд.

Аҳмад Масъуд рӯзи 22-юми август дар суҳбат бо телевизиони "Ал-Арабия" гуфт, барои идораи кишвар як ҳукумати фарогир ва ҳамашумул лозим аст, ки "Толибон" низ бахше аз он хоҳад буд. "Аммо агар гурӯҳи "Толибон" музокиротро рад кунад, эҳтимол дорад, ки даргириҳо сурат бигирад."

Ӯ инчунин гуфт, нерӯҳои давлатии зидди "Толибон" аз чандин вилояти кишвар ба Панҷшер омадаанд ва ба "Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон" пайвастаанд.

Хабаргузории "Ройтерз" низ аз қавли ин раҳбари ҷабҳа гузориш додааст, ки ӯ умед дорад, гуфтугӯҳои сулҳ бо "Толибон" ба натиҷа бирасад, аммо дар айни ҳол омодаи ҷанг бо ин гурӯҳ аст.

Аҳмад Масъуд ҳазорон нерӯи артишро дар дараи Панҷшер, дар шимол-ғарби Кобул, ҷамъ кардааст ва гуфта мешавад, ки ҳамакнун 9 ҳазор нерӯи муқовимат бо "Толибон" ба раҳбарии вай дар Панҷшер ҳузур доранд. Ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, "нерӯҳои таҳти фармони мо аз як вилоят, аз тамоми Афғонистон дифоъ хоҳанд кард".

Фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд дар идома хостори музокироти густурда ва ҳамаҷониба бо ҳузури ҳама ақаллиятҳо ва гурӯҳҳо дар Афғонистон шуд ва гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд режими "Толибон"-ро ба расмият бишносад

Панҷшер ягона минтақаи Афғонистон аст, ки аз ишғоли Толибон берун мондааст.

Толибон як ҳафта қабл ворид шаҳри Кобул шуда, афви умумӣ эълон карданд ва ваъда доданд, ки интиқом нахоҳанд гирифт. Аммо тибқи гузоришҳо, онҳо хона ба хона рӯзноманигорон, мақомоти собиқ ва мухолифонро ҷустуҷӯ мекунанд ва дар баъзе ҳолат даст ба хушунат ва қатли дастҷамъӣ задаанд.

XS
SM
MD
LG