Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чандин хабарнигори норозӣ дар Русия


Соня Гройсман, хабарнигор ва муаллифи подкасти "Салом, ман агенти хориҷӣ ҳастам"
Соня Гройсман, хабарнигор ва муаллифи подкасти "Салом, ман агенти хориҷӣ ҳастам"

Пулиси Русия 21-уми август дар Маскав чандин хабарнигорро дастгир кард. Ҳодиса замоне сурат гирифт, ки хабарнигорон рӯзи шанбе дар эътироз ба тасмими мансабдорони Русия дар мавриди "агенти хориҷӣ" номидани шабакаи телевизионии “Дожд” тазоҳурот карданд. Онҳо дар даст шиорҳои "Хабарнигорӣ гуноҳ нест" ва "Шумо аз ҳақиқат метарсед"-ро доштанд. Ин эътирозҳо дар берун аз бинои асосии Хадамоти федеролии амният ё ФСБ-и Русия баргузор шуд. Вазорати адлияи Русия 20-уми август шабакаи телевизионии “Дожд”-ро дар рӯйхати созмонҳое ҷой дод, ки "агенти хориҷӣ" номбар мешаванд. Телевизиони “Дожд” эътирозҳои мухолифони Кремлин, заҳролудшавӣ ва зиндонӣ шудани Алексей Навалний, пешвои мухолифони Русияро ба таври густарда бозтоб додааст.

XS
SM
MD
LG