Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Амрико бори дигар дар бораи Афғонистон суханронӣ мекунад


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Кохи Сафед мегӯяд, Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, рӯзи 22-юми август бори дигар дар мавриди Афғонистон суханронӣ хоҳад кард. Дар эъломия гуфта шудааст, ки берун овардани шаҳрвандони Амрико ва дигарон аз Афғонистон аз мавзуъҳои асосӣ хоҳад буд. Интизор меравад, Байден ҳамчунин дар бораи тӯфоне, ки дар ҳоли ҳозир соҳили шарқии Амрикоро ҳадаф қарор додааст, гуфтугӯ кунад. Ин суханронӣ пас аз мулоқоти Ҷо Байден бо тими амнияти миллии Амрико барномарезӣ шудааст. Президенти Иёлоти Муттаҳида дар мусоҳиба бо ABC News рӯзи 18-уми август гуфта буд, то замони берун баровардани ҳама шаҳрвандони Амрико аз Афғонистон, сарбозони кишвараш дар онҷо хоҳанд монд. Вай пеш аз ин дар суханронии нахустини худ пас аз тасарруфи Кобул аз ҷониби “Толибон” аз тасмимаш барои хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон пуштибонӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG