Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, таҳаввулоти Афғонистон амният дар кишварҳои ОДКБ-ро муҳим кардааст


Владимир Путин
Владимир Путин

Раиси ҷумҳурии Русия гуфт, бо дарназардошти таҳаввулоти охир дар Афғонистон амнияти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) бисёр муҳим аст. Владимир Путин рӯзи 21-уми август гуфт: "Табъан дар ҳоли ҳозир яке аз муҳимтарин мавзуъҳо амният аст. Ба таври хос дар иртибот бо таҳаввулоте, ки дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон ҷараён дорад. Умед дорам, рӯзи 23-юми август дар нишасти онлайн дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ гирди ҳам оем ва корҳоеро анҷом диҳем, ки барои нимаҳои моҳи сентябр дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой барномарезӣ шудааст." Кремлин дар эъломияе гуфтааст, Путин рӯзи шанбе бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия, низ дар як тамоси телефонӣ вазъ дар Афғонистонро баррасӣ кардааст. Ба иттилои манбаъ, ду тараф ба тақвияти ҳамоҳангӣ дар мавриди Афғонистон розӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG