Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҳафт ғайринизомӣ дар Фурудгоҳи Кобул


Фурудгоҳи Кобул
Фурудгоҳи Кобул

Артиши Бритониё рӯзи 22-юми август гуфт, дар натиҷаи бесарусомонӣ дар атрофи Фурудгоҳи байнулмилалии Кобул ҳафт сокини Афғонистон ҷон бохтаанд. Пас аз ишғоли минтақаҳои Афғонистон аз тарафи "Толибон", мардум даста-даста талош доранд, ки аз ин кишвар берун раванд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки ба навиштаи "Ассошиэйтед Пресс" таҳдиди нав аз сӯйи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар Афғонистон боис шудааст, ҳавопаймоҳои артиши Амрико барои бурдани одамон амалиётеро ба шакли фурудоӣ ва бархестани зуд дар Фурудгоҳи Кобул анҷом диҳанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, таҳдиди нав марбут ба шохаи "Хуросон"-и ДОИШ аст. Як мансабдори Кохи Сафед ҳам рӯзи якшанбе гуфтааст, дастёрони вай Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрикоро дар ҷараёни фаъолиятҳои нави ин гурӯҳ ва амалиёти зидди онҳо гузоштаанд.

Сафорати Амрико дар Афғонистон рӯзи 21-уми август ба шаҳрвандони ин кишвар ҳушдори нави амниятӣ дод ва гуфт, бе супориши инфиродӣ аз тарафи намояндаи ҳукумати ИМА ба фурудгоҳи Кобул нараванд.

Мақомот аз пешниҳоди ҷузъиёти бештар дар бораи таҳдиди ДОИШ худдорӣ карданд, вале онро муҳим донистанд.

XS
SM
MD
LG