Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия дар як рӯз гирифтории 20000 кас ба COVID тасдиқ шудааст


Мошини "Ёрии таъҷилӣ" дар назди бемористони Владикавказ
Мошини "Ёрии таъҷилӣ" дар назди бемористони Владикавказ

Мақомоти Русия гуфтанд, рӯзи 22-юми август беш аз 20 ҳазор мавриди нави сирояти коронавирусро сабт карданд. Бо ин, шумораи умумии беморон дар ин кишвар ба зиёда аз 6 миллиону 700 ҳазор кас расид. Дар як рӯз бемории тақрибан ду ҳазор кас дар Маскав ва якуним ҳазор нафар дар Санкт-Петербург тасдиқ шудааст. Ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи гузашта дар Русия 762 кас бар асари бемории ҳамагир ҷони худро аз даст доданд. Теъдоди умумии қурбониён дар ин кишвар беш аз 176 ҳазор нафар будааст. Тибқи ҳисобҳои Reuters, бар асоси маълумоти идораи омори Русия, дар ин кишвар аз моҳи апрели соли 2020 то июни имсол, дар муқоиса ба даврони гузашта, 463 ҳазор фавт зиёд гузориш шудааст. Баъзе аз мутахассисон мегӯянд, фавти барзиёд роҳи беҳтарин барои ҳисоб кардани шумораи воқеии қурбониёни COVID-19 мебошад.

XS
SM
MD
LG