Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар яксолагии заҳролудшавии Навалний мақомоти рус дар беэътиборӣ ба адолат интиқод шуданд


Алексей Навалний аз дохили зиндон дар мурофиаҳои нави судӣ иштирок мекунад
Алексей Навалний аз дохили зиндон дар мурофиаҳои нави судӣ иштирок мекунад

Созмони Афви байнулмилал ё Amnesty International дар яксолагии ҳодисаи заҳролудкунии мунаққиди Кремлин Алексей Навалний ва таҳқиқ нашудани ин қазия мақомоти Русияро барои “беэътибории комил ба адолат” интиқод кард. Муҳаққиқи фасодкориҳо дар сафи болои ҳукумати Русия 20-уми августи соли 2020 ҳангоми парвоз дар ҳавопаймое аз Сибир ба Маскав беҳуш шуд ва баъдан дар озмоишгоҳҳои аврупоӣ маълум шуд, ки ӯро бо заҳри низомии “Новичок” заҳрорлуд кардаанд. Ним сол ӯ дар як беморхонаи шаҳри Берлин табобат гирифту баъди бозгашт ба Маскав дар моҳи январи имсол барои нақзи шароити ҳабси шартии додгоҳ аз соли 2014 ба ҳабс гирифта шуд. Интизор меравад, ки ин мавзӯъ дар мулоқоти имрӯзаи Ангела Меркел, садри аъзами Олмон ва президенти Русия Владимир Путин баррасӣ мешавад.

Агнес Калламард, дабири кулли Афви байнулмилал дар гузорише менависад: “Як сол пеш мунаққиди асосии Кремлин бо силоҳи мамнӯи кимиёӣ мавриди ҳамла қарор гирифт ва чунин як ҷинояти ваҳшиёна бояд мавриди тафтиши билофосилаи мақомоти Русия қарор мегирифт. Ба ҷои ин, ҳукумати Русия қарор кард, ки Алексей Навалнийро бо иттиҳоми сохта дар шароите, ки қариб ӯро мекушт, дар пушти панҷара нигоҳ дорад ва бар зидди тарафдорони ӯ ҳам як маъракаи интиқомҷӯёнаро ба роҳ монад”.

Навалний дар ин ҳодиса Путинро гунаҳгор кардааст, вале Кремл ин иттиҳомотро рад мекунад.

Худи Навалний рӯзи 20-уми август дар матлабе, ки якбора дар се нашрияи ғарбӣ чоп шуд, ба муборизаи муассир бо фасодкорӣ дар Русия ва олигархҳои он даъват намуд.

XS
SM
MD
LG