Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои Тоҷикистону Чин дар тамрин аз ҳавопаймои бесарнишин истифода кардаанд


Акс аз сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Нирӯҳои Тоҷикистону Чин ҳангоми тамрини низомӣ аз "силоҳу лавозимоти ҳарбӣ, танку тӯпҳои дурандоз, нерӯҳои ҳавоӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва артиллерияи ҷангӣ" истифода кардаанд. Дар ин бораи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 19-уми август хабар дод.

Машқи нирӯҳои вобаста ба ВКД-и Тоҷикистон ва Вазорати амнияти Чин рӯзи 17-уми август дар размоишгоҳи "Марғоб" дар Ромит, 30-километрии Душанбе, оғоз шуда, 20-уми август ба поён мерасад.

Мақомот мегӯянд, нирӯҳои ду кишвар мубориза ба зидди терроризм дар шароити кӯҳсорро тамрин мекунанд.

Аз ин пеш, дар оғози моҳи август, машқи якҷояи нерӯҳои Тоҷикистону Русия ва Узбекистон дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон" дар вилояти Хатлон баргузор шуда буд.

Дар он аз садҳо техникаи ҳарбӣ, чархболу ҳавопаймоҳои низомӣ истифода карда, тарзи аз байн бурдани як гуруҳи 2,5-ҳазорнафарии шартии мусаллаҳро нишон доданд.

Ин тамринҳо дар пасманзари ҳаводиси Афғонистон сурат мегирад. Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марз дорад ва бахши зиёди он зери назорати Толибон аст.

Ҳарчанд намояндагони гуруҳ гуфтаанд, ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла намекунанд, мақомоти Тоҷикистон пештар гуфта буданд, аз вазъият дар сарҳад хеле нигарон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG