Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши парвозҳо миёни Душанбе ва Маскав. "Гуфтанд, нархи билет арзон мешавад, аммо..." ВИДЕО


Навбати тӯлонӣ барои харидани билети сафар ба Русия. Шаҳри Душанбе, 8-уми апрели 2021

Хабари афзоиши парвози мунтазами ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Маскав умеди баъзе аз сокинонро ба харидани билети нисбатан арзон бештар кардааст.

Чанде аз корафтодаҳо гуфтанд, ҳарчанд ба мисли пешина барои харидани билет ҷанҷолу навбати дароз нест, нархи он ҳанӯз барои қишри миёна дастнорас мондааст. Дар дӯконҳои билетфурӯшӣ "эҳтимоли то як ҳафтаи дигар поин омадани арзиши сафарро ба Русия" ваъда медиҳанд.

14 парвози мунтазам дар ҳафта

Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон хабар дод, ки аз 27-уми августи имсол шумори парвози мунтазами ҳавопаймоҳо дар масири Душанбе – Маскав - Душанбе дар як ҳафта ба 14 хоҳад расид. Феълан ҳафтае чаҳор парвози мунтазам байни Тоҷикистону Русия пешбинӣ шудааст.

Давлаталӣ Нурхонов, сокини Душанбе, аз кормандони нуқтаи билетфурӯшӣ фаҳмидааст, ки нархи чиптаи ҳавопаймо “эҳтимол ҳафтаи оянда арзон шавад”. Ӯ, ки дар ҷустуҷӯи билети арзон аст, бо шунидани ин хабар тасмим гирифт, чанд рӯзи дигар мунтазир бимонад.

"Гуфтанд, ки парвози ҳавопаймоҳо зиёд ва нархи сафар арзон мешавад, аммо нагуфтанд, ки чӣ қадар. Бар ҳар ҳол, умедвор шудем. Бо нархи ҳозира зӯрамон ба харидани билет намерасад. Бинем, то 27-уми август чӣ мешавад", -- афзуд ӯ 19-уми август.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Афзоиши равуои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия нархи билетро арзон хоҳад кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тасмими бештар кардани парвози мунтазами ҳавопаймоҳо бо дархости Душанбе амалӣ мешавад.

Субҳон Икромзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ, рӯзи 19-уми август дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, “бо афзоиши парвози ҳавопаймоҳо арзиши билет низ арзон мешавад”. Аз ин бештар тафсилот надод. Намояндагони дигари Оҷонсӣ барои суҳбати бештар дар ин бора ҳозир нашуданд.

500 доллар ё аз он бештар?

Айни замон бар асоси эълони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ, нархи билети ҳавопаймо миёни Тоҷикистону Русия набояд аз 500 доллар (зиёда аз панҷуним ҳазор сомонӣ) бештар бошад. Чанде аз корафтодаҳо 19-уми август гуфтанд, баъзан билети сафар ба Русия аз панҷсад доллар ҳам зиёд фурӯхта мешавад.

Ин аст, ки теъдоде аз сокинон барои рафтан ба Русия Узбекистонро ҳамчун кишвари транзит истифода мекунанд, чун мегӯянд, “нархи равуо тавассути кишвари ҳамсоя ба бамаротиб арзон аст”.

Дилором Кубозова, ки нияти ба Русия рафтанро дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Нархи билетро 6900 сомонӣ – 7,5 ҳазор сомонӣ мегӯянд. Бояд зудтар ба Русия равам, лекин чаҳор рӯз шуд, бо нархи мувофиқ билет намеёбам.”

“Агар зудтар ба Русия рафтан хоҳед, билетро на аз марказҳои чиптафурӯшӣ, аз дасти дигарон бо нархи баланд дастрас кардан мумкин аст", -- гуфт яке аз мусоҳибони дигари мо, ки нахост номаш зикр шавад. Мақомот ҳамвора “бозори сиёҳ”-и билетфурӯширо инкор мекунанд ва то кунун аз боздошти чанд нафар бо гумони гарон фурӯхтани чипта хабар додаанд.

Навбат кам шудааст, вале...

Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки мегӯянд, дар муқоиса ба як ё ду моҳи пеш шароити дастрас кардани билети сафар ба Русия “андаке осон шудааст”.

Баъди бештар аз як соли “танаффус”, парвози мунтазами ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия моҳи апрели имсол оғоз ёфт. Дар аввал шумори парвозҳо камтар ва талабгорони сафар зиёд буд. Аз ин рӯ, навбати дароз ва ҷанҷол барои харидани билет ба вуҷуд омад. Ҳоло дар назди нуқтаҳои чиптафурӯшӣ таҷаммӯи харидорон камтар ба назар мерасад, ҳарчанд шикоятҳо дар бораи баланд будани арзиши билет ҳанӯз кам нашудааст.

Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст ва маблағи фиристодаи онҳо барои иқтисоди оилаҳо дар Тоҷикистон муҳим хонда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар моҳи май гуфт, соли 2020 мақомот 193 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис доданд, вале ҳар рӯз садҳо нафар талош мекунанд, ки худро ҳарчи зуд ба Русия бирасонанд. Онҳо мегӯянд, асосан набудани ҷойи кору маоши муносиб дар кишвар водор кардааст, ки ба Русия рафта, барои оилаҳои худ маблағ фиристанд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG