Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик Эйр" парвоз кардан мехоҳад, вале осмон баланд, замин сахт


Ҳавопаймои "Тоҷик Эйр"

Шӯрои нозирони Ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" машварат додааст, ки ин ниҳод барои дубора оғоз кардани кораш аз ширкатҳои хориҷӣ ҳавопаймо иҷора (лизинг) бигирад. Ин дар ҳолест, ки ҳамаи ҳавопаймоҳои он корношоям буда, дар фурудгоҳҳои кишвар ва берун аз он дармондаанд.

Ин шӯро, ки барои наҷоти ягона ширкати миллии ҳавопаймоӣ таъсис ёфтааст, нагуфтааст, ки чӣ гуна ва дар чӣ муддат "Тоҷик Эйр" метавонад, аз буҳрони молӣ раҳо шавад.

"Тоҷик Эйр" аз андоз ё молиёт наздик ба 1 миллион доллар қарздор буда, баъд аз бохт дар додгоҳ бояд ба ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг" низ беш аз 20 миллион доллар товон диҳад. Нигаҳдории ҳавопаймоҳояш дар фурудгоҳҳо низ маблағи азимеро талаб мекунад.

Беҳбудӣ ҳаст ё буҳрон амиқтар шуд?

Азиз Набизода
Азиз Набизода

Азиз Набизода, муовини мудири Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон, мегӯяд, Шӯрои нозирони "Тоҷик Эйр" ба дурнамои ширкат хушбин аст. Ба гуфтаи ӯ, аъзои шӯро таҳти раҳбарии сарвазири кишвар, Қоҳир Расулзода, "ҳар ду моҳ як бор вомехӯранд ва масъалаҳои ҷиддӣ, аз ҷумла ҷиҳати ба кор мондан ва чӣ хел ҳавопаймоҳоро истифода бурданро дида мебароянд. Ҳоло ширкати "Тоҷик Эйр" гирифтани ҳавопаймо аз ширкатҳои дигарро тариқи лизинг баррасӣ мекунад."

Аммо дар муддати наздик ба дуним сол вазъи ширкати миллии "Тоҷик Эйр" тағйири ҷиддие накарда, буҳрони молии он амиқтар шуд. Ширкат дар ин муддат дар моҳҳои март то сентябри 2020 чанд парвози маҳдуд анҷом дод.

Яке дар Шарҷа, дигаре дар Внуково

Аз ҷумла як ҳавопаймои он ба Узбекистон рафт, лек дар фурудгоҳи Тошканд дармонд. Ҳоло ҳавопаймои дигараш дар Шарҷаи Иморати Муттаҳидаи Арабӣ, сеюмӣ дар фурудгоҳи Внуковои Маскав ва чаҳорумӣ дар Душанбе беҳаракат истодаанд. Ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" дар Маскав бино ба талаби додгоҳии "Скайроуд Лизинг" амалан дар ҳолати ҳабс қарор дорад.

Хайрулло Раҳимов
Хайрулло Раҳимов

Бӯҳрони молӣ ва идорӣ дар ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" соли 2018 ба авҷи худ расид. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, Хайрулло Раҳимов, раҳбари вақти ширкатро дар ҷаласаи ҳукумат дар охири соли 2018 танқид кард ва аз толор ронд. Ба мақомоти тафтишотӣ дастур шуд, ки кори ширкатро тафтиш кунанд.

Ба сурати умум, дар даҳ соли гузашта 5 бор раҳбари ширкати миллӣ иваз карда шуд. Яке аз раҳбарони он бо айбномаи "суистифода аз мақом" ва "тасарруфи молу мулки ғайр" боздошт шуд, вале ба зудӣ раҳо гашт.

Бори охир Дилшод Исматуллозода, ки муовини Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи иҷроия ва духтари президенти Тоҷикистон, буд, сарвари нави "Тоҷик Эйр" таъин шуд. Зоҳиран тафтишҳо натиҷа надоданд ва ҳам таъйини раҳбари нав низ натавонист, ширкатро дубора фаъол кунад.

Дилшод Исматуллозода
Дилшод Исматуллозода

Ҳукумат моҳи июли соли 2020 наздик ба 2 миллион доллар қарзи ширкатҳоеро бахшид, ки "Тоҷик Эйр" аз онҳо қарздор буд.

Ҳоло ба ғайр аз чанд мансабдори асосӣ ширкат корманди дигар надорад. Аз соли 2018 сар карда, пас аз моҳҳо надодани маош аксари кормандони он ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд. Дар ҳамин ҳол, аз охири моҳи марти имсол раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон ба “Тоҷик Эйр” иҷозаи муомила бо асъори хориҷиро дод, лек ин парвона бо муҳлати 3 сол маҳдуд карда шуд.

COVID-19 баҳона буд?

Ҳарчанд намояндагони ширкат паҳншавии бемории COVID-19-ро яке аз сабабҳои шикасташ дар ду соли охир медонанд, тавонист, дар чунин давраи буҳронӣ низ парвозҳое анҷом диҳад. Барои намуна, 19-уми майи соли 2020 беш аз дусад шаҳрванди Тоҷикистонро аз Маскав ба Тоҷикистон расонд. Ин нишон медиҳад, ки "Тоҷик Эйр" метавонист, дар давраи пандемия бо роҳандозии парвозҳои чартерӣ вазъи молии худро беҳбуд бахшад, ончунон ки ширкати рақибаш "Сомон Эйр" дар ин давра бо нархҳои чандбаробарӣ даромад ба даст овард.

То январи соли 2019 ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” танҳо ба Русия дар 13 самт, аз ҷумла ба Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Сургут парвоз мекарданд. Вале аз моҳи январи он сол гирифта, ҳамаи ин парвозҳо ба “Сомон Эйр” дода шуд.

Парвозҳои дохилии “Тоҷик Эйр” низ қатъ шуданд. Бо эълони вазъи буҳронӣ он вақт Шӯрои давлатии нозирони “Тоҷик Эйр” таъсис ёфт, ки мебоист дар давоми як моҳ хулосаи худро бобати ояндаи ширкат пешниҳод мекард. Он замон аз ду роҳи мумкин суҳбат мешуд. Яке варшикаста ё банкрот эълон кардани “Тоҷик Эйр” ва дигаре бо Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе якҷоя кардани он ки метавонист, аз ҳисоби даромади фурудгоҳ мушкили пулии худро ҳал кунад.

Баъзе аз расонаҳо тахмин зада буданд, ки дар сурати муфлис эълон шуданаш имкон дошт, ширкат хусусӣ гардонда шавад ва ба дасти яке аз наздикони оилаи аввали кишвар афтад.

Тафтиш нашуд, раҳбарони пешин чӣ мекунанд?

Пас аз 2 солу 5 моҳ ҳеч яке аз ин пешниҳод ва тахминҳо амалӣ нагашт ва ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” дар ҳоли чуқуртар ғарқ шудан ба чоҳи варшикастагии воқеист. Раҳбарони пешинаи он низ барои ба ин ҳол овардани ширкати ягонаи миллии ҳавопаймоӣ ҷазое надидаанд. Бино бар маълумоти дарёфтӣ, онҳо дар тиҷоратҳои дигари чандмиллионӣ пешрафт мекунанд.

Тафтиши ҷиноии сарнавишти “Тоҷик Эйр” дар даҳ соли охир низ ба ҷое нарасид. Ин дар ҳолест, ки президент Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 талаб карда буд, ки Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамаи додугирифти ширкатро санҷад, аз ҷумла, тавре як манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, иддаои "гаронтар аз қимати аслиаш сабт шудани ҳавопаймо дар санадҳо"-ро низ. Маълум нест, чаро ниҳодҳои тафтишотии Тоҷикистон дастури бевоситаи раҳбари давлатро иҷро накарданд.

Бархе аз ҳуҷҷатҳои ин тафтишот ва ҳам санадҳои дигар чанде пеш дастраси Радиои Озодӣ ва сабаби таҳқиқи ин масъала шуданд. Натиҷаҳои таҳқиқ, ки ҳафтаҳост идома дорад, ба зудӣ ба таваҷҷуҳи хонандагон пешкаш хоҳанд шуд.

Дар ин байн Азиз Набизода, муовини сардори Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд: "Мо хушбин ҳастем. Ширкате, ки таърихи бою равшан дорад, боварии комил дорем, дар ояндаи наздик бояд фаъолияти худро оғоз кунад ва ҳавопаймоҳои муосири навро бигирад ва ба мусофирбарӣ оғоз кунаду обрӯйи тоҷиконро боло бардорад."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG