Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини "Тоҷик Эйр" боздошт шуд


Хайрулло Раҳимов
Хайрулло Раҳимов

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Хайрулло Раҳимов, мудири собиқи ширкати давлатии "Тоҷик Эйр"-ро дастгир кардаанд.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Раҳимов ба "сӯиистифода аз мақом" ва "тасарруфи молу мулки ғайр" муттаҳам аст.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, "сабаби боздошти ӯ дар он аст, ки Хайрулло Раҳимов дар санадҳо 200 ҳазор долларро зиёд нишон додааст".

Ба қавли ӯ, айни замон Хайрулло Раҳимов дар боздоштгоҳи шаҳри Душанбе нигаҳ дошта мешавад ва парвандаи ӯро муфаттишони раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Додситонии кул таҳқиқ мекунанд.

Хайрулло Раҳимовро баъди се соли кор дар ширкати “Тоҷик Эйр” моҳи январи имсол аз мақом барканор карданд. Мудири собиқи ягона ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон баъд аз он барканор шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон кори ширкатро дар як ҷаласа сахт танқид кард.

Президент дар ҷаласаи ҳукумат дар рӯзи 29-уми ноябри соли 2018 гуфтааст, ки мақомоти "Тоҷик Эйр" ҳавопаймоҳои азими "Боинг"-ро гаронтар аз қимати аслиаш харидаанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласа ба мақомоти тафтишотӣ дастур дода буд, ки фаъолияти молии "Тоҷик Эйр"-ро тафтиш кунанд. Дилшод Исматуллозода, раиси феълии ширкат дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, айни замон тафтиши фаъолияти “Тоҷик Эйр” идома дорад, вале ӯ "аз боздошти Хайрулло Раҳимов хабар надорад".

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон хабарри мазкурро тасдиқ ва ё рад накарданд. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, бо наздикони Хайрулло Раҳимов низ суҳбат кунад.

Дар гузашта гуруҳе аз кормандони “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимовро ба он муттаҳам карда буданд, ки дар замони мудирияти ӯ ҳавопаймои “Боинг 767-300”, ки 30 сол собиқаи парвоз дошт, хариданд ва баъди муддати кӯтоҳе аз истифода монд.

Ширкати “Тоҷик Эйр” ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон солҳои тӯлонист, ки мушкилоти молӣ дорад. Бо вуҷуди қабули барномаҳои давлатӣ барои ба по хезондани он, аҳволи ширкат беҳ нашуд ва парвози ҳавопаймоҳои он аввали соли 2019 аз қатъ шуд.

Дахолати зиёди давлат ба кори ширкат, истифодаи ҳавопаймоҳои он ба манфиати хусусии афроди бонуфуз ва ҳамингуна рақобати носолим аз тарафи ширкати хусусии “Сомон Эйр”- ро яке аз сабабҳои фалаҷ шудани “Тоҷик Эйр” медонанд.

Мувофиқи санадҳои Феҳрасти ягонаи шахсони ҳуқуқӣ манфиатбардори "Сомон Эйр" ширкати "СDH investment LTD" аст. Тибқи санадҳое, ки Додгоҳи адлияи шоҳигарии Бритониё дар Лондон пас аз баррасии шикояти ширкати "Талко"-и Тоҷикистон зидди корхонаи "Ансол"-и Аваз Назаров дар соли 2008 ошкор кардааст, СDH investment LTD як ширкати офшориест, ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст. Додгоҳ ин ширкатро ба Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон марбут донистааст.

XS
SM
MD
LG